Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФАРРУХӢ

ФАРРУХӢ

ФАРРУХӢ (Абулҳасан Алӣ ибни Ҷулуғи Систонӣ (980, Систон—1037, Ғазнин), шоири форс-тоҷик. Фаррухӣ аз хурдсолӣ ба шеъргӯи пардохта, зуд дар шоирӣ ном баровард. Илова бар ин ӯ дар чангзанию овозхонӣ ҳам ҳунарманд будааст. Дар ҷустуҷӯи мамдӯҳ ба дарбори ҳокими Чағониёи Абулмузаффар омад. Коргузори Абулмузаффар Амид Асъад аз маҳорати шоирии Фаррухӣ моту мабҳут шуд ва ӯро ба назди амир бурд. Шоир дар базм қасидаҳои «Бо корвони ҳулла» ва «Доғгоҳ»-ро дар назди Абулмузаффар бо овози хушу форам хонд. Абёти муқоддимавии қасидак «Доғгоҳ» чунин аст:

Чун паранди нилгун бар рӯй пӯшад марғзор,

Парниёни ҳафтранг андар сар орад кӯҳсор.

Хокро чун нофи оҳу мушк зояд беқиёс,

Бедро чун парри тӯтӣ барг рӯяд бешумор.

Дӯш вақти субҳидам бӯи баҳор овард бод,

Ҳаббазо, боди шамолу хуррамо бӯи баҳор…

Амир, ки худ шеърфаҳм буду баъзан шеър хам эҷод мекард, аз мазмуни баланди қасидаи ӯ ба ваҷд омада, ба Фаррухӣ асои хос, ҷома ва пулу моли зиёде тӯҳфа дод. Фаррухӣ ба Ғазнин омад ва то охири умр дар он ҷо зист. Фаррухӣ дар дарбори Ғазнавиён обрӯю эътибори зиёде дошта, дар умури дарбори султон Маҳмуд иштирок мекард, ҳамроҳи у борҳо ба Ҳиндустон рафта буд ва дар қасидаҳояш доир ба ҳаёти моддию иҷтимоӣ, урфу одат ва ёдгориҳои таърихии ин кишвар маълумот додааст.

Аз Фаррухӣ девоне боқист, ки 213 қасида, 28 ғазал, 3 тарҷеъбанд, 4 қитъа ва 37 рубоиро дар бар мегирад. Қасидаи мадҳӣ яке аз рукнҳои асосии эҷодиёти Фаррухӣ мебошад. Шоир зимни мадҳ бисёр андешаҳои гуманистӣ баён кардааст. Масалан, ӯ ба мамдӯҳон сифатҳои ваҷиби инсониро нисбат дода, ба ин восита онҳоро ба каримию саховатмандӣ, илму адабдустӣ, ҳунарпарварӣ ва накукорӣ даъват кардааст. Маҳорати Фаррухӣ, алалхусус дар қасидаҳои «Бо корвони ҳулла», «Доғгоҳ», «Аёзнома», «Фатҳи Суманот» ва «Қасидаи марсия» (дар марги султон Маҳмуд) зоҳир шудааст. Қасидаҳои Фаррухӣ аҳамняти калони таърихӣ доранд. Онҳо маълумоту санадҳои фаровонеро дар бар гирифтаанд ва яке аз сарчашмаҳои таъриху маданияти кишварҳои Хуросон, Мовароуннаҳр ва Ҳиндустон ҳисоб меёбанд.

Фаррухӣ дар қасида бештар ба тағаззул аҳамият додааст. Муҳаққиқон Фаррухиро «худованди ташбибу тағазвул» донистаанд. Тағаззулоти Фаррухӣ дар мавзӯъҳои ишқ, тасвири табиат, фаслҳои сол, ва ғайра таълиф ёфтаанд. Фаррухӣ дар тасвири табиат аксар ба ашёву аносире диққат додааст, ки аз ягон ҷиҳат ба зиндагии инсон, орзую, омол, табъу завқ ва дигар паҳлуҳои олами ботинии ӯ қаробате доранд. Фаррухӣ дар иншои тарҷеъбанд низ маҳорат дощта, аз байни муосирон танҳо ӯ ин жанрро инкишоф додааст. Дар ин бобат у давомдиҳандаи анъанаи Рӯдакӣ будааст.

Дар эҷодиёти Фаррухӣ рубоӣ низ мавқеи калон дорад. У маҳз дар рубоӣ ба тасвири ҳаёти мардуми оддӣ, хидматгорону канизон наздик шудааст. Дар онҳо эҳсосу андешаҳои латифи ошиқона ва талқини хушгузаронии умр ва ҳаёт ифода ёфтааст.

Ашъори Фаррухӣ рӯҳи баланди гуманистӣ ва ватанпарварӣ дорад. Фаррухӣ зодгоҳи худ — Систонро ҳамчун замини номдорону паҳлавонон ситоиш карда, ба сифати ходими сиёсии дарбор барои ободии он мекӯшид.

Услуби шеъри Фаррухиро тазкиранависон ва олимон «саҳли мумтанеъ» гуфтаанд. Истифодаи ташбеҳу истиораҳои дилнишин, образҳои воқеину реалӣ, зарбулмасалу мақолҳо, ифодаю таъбирҳои гуфтугӯӣ, каломи равону хушоҳанг аз ҷиҳатҳои муҳимми услуби эҷодии Фаррухӣ мебошанд. Фаррухӣ дар истифодаи санъатҳои бадеӣ, махсусан ташбеқу тавсиф, маҳорати бемисл зоҳир кардааст.

Адабиёт: Муллоаҳмадов М. Фаррухии Систонӣ. Душанбе, 1978; Абдуллоев А., Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи аввали асри XI, Душанбе, 1979;

А. Абдуллоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …