Маълумоти охирин

ФАРОВА

ФАРОВА Афрова, Фазова, Афзова, Парнав, шаҳри қадимӣ дар Осиёи Миёна (дар ҳудуди ҳознраи РСС Туркманистон). Бино ба маълумоти сарчашмаҳо Фароваро намояндаи сулолаи Тоҳириён Абдуллоҳ ибни Тоҳир (ҳукмронӣ 828—844) барои ҳимояи сарҳади Хуросон аз ҳуҷуми кӯчманчиён бино кардааст. Бино ба маълумоти «Ҳудуд-ул-олам» Фарова дар сарҳади байни Хуросону Деҳистон ҷойгир шуда, барои аз ҳуҷуми оғузҳо муҳофизат намудани Хурооон ҳамчун қалъа хизмат кардааст. Ҳокими Урганҷ Маъмун Хоразмро муттаҳид (996), шаҳрҳои Нисо ва Фароваро низ ба давлати Хоразмшоҳиён ҳамроҳ кард. Дар охири асри 10— ибтидои асри 11 Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ба Хоразм ҳуҷум карда, дар қатори дигар шаҳрҳо Фароваро низ ба тасарруфи худ даравард. Дар натиҷан истилон муғул шаҳр ба хароба табдил ёфт. Фарова дар охири асри 13 боз рӯ ба тараққӣ ниҳод ва ба ҳайати давлати Ҳалокуиён дохил шуд. Дар асри 14 роҳи байни Бистом ва Урганҷ аз Фарова мегузашт. Шаҳр минбаъд таназзул ёфта, барҳам хӯрд. Димнаи Фароваҳоло 18 км дуртар аз шимолу ғарби шаҳри Қизиларвот боқист. я .
Адабиёт: Бартолд В. В., Сочинение том 1, част 2, Москва., 1963; том. 2, част. 1 и 2, Москва. История таджикского народа, том 2 книга 1, Москва 1964.
Э. Оқилов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …