Маълумоти охирин
Главная / Биология / ФАРОШТУРУК

ФАРОШТУРУК

dostak

ФАРОШТУРУК (Hirundinidae), фароштурук, фаростук, парасту, достак, абобил, паррандаест сиёҳбол, ки дар шифти хонаҳо бо лой лона месозад; аз рӯи таснифи зоологӣ як оилаи паррандаҳост.
Дарозиаш 10—23 см, вазнаш 15—20 г. Болаш дарози камбар, пойҳояш кӯтоҳ. Тахтапушташ сиёҳча, баъзан кабудтоб, сабз ё арғуванй, шикамаш сафед. Фароштурукҳо дар Тоҷикистон аз ҳамвориҳо сар карда то баландкӯҳҳо зиндагӣ мекунанд. Фароштурук дар девор, шифт, зери бомгӯша, шахҳо ва баъзеаш зери замин ва ковокиҳои дарахт лона (нимкура, кӯзашакл) мегузорад. .Соле 1—2 маротиба 2—6- тоӣ тухм гузошта, 13—16 рӯз зер мекунад. Хӯрокаш ҳашарот аст.
Адабиёт: Портенко Л. А., Птицы СССР, част. 3, Л., 1954; Абдусаломов И. А., Фауна Таджикской ССР, т. 19, ч. 2. Птицы, Душанбе, 1973. И. Абдусаломов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …