Маълумоти охирин

ФАРҚӢ

ФАРҚӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 16). Шогирди Нисории Бухороӣ. Бино ба маълумоти Нисорӣ, Фарқӣ бештар ба эҷоди қасида майл доштааст. Дар ашъораш ба масоили дунявӣ диққат додааст. Аксар қасидаҳояшро дар қофиятайн (ду қофия) гуфтааст. Аз осораш абёти пароканда боқист. Ин байт аз ӯст:
На лаъл аст он, ки дар кӯҳи Бадахшон лолагун гашта,
Дили хорост, к-аз дарду ғами Фарҳод хун гашта.
У. Назиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …