Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФАРКАШ Берталан

ФАРКАШ Берталан

ФАРКАШ Берталан (таваллуд 2.8.1949, деҳаи Дюлахаза, Венгрия), лётчиккайҳоннаварди Республикаи Халқии Венгрия, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1980), Қаҳрамони Халқии Венгрия (1980), Аъзои Партияи сосиалистии коргарии Венгрия аз соли 1976. Аз марти 1978 Фаркаш дар маркази тайёрии кайҳоннавардон ба номи Ю. А. Гагарин аз рӯи программаи «Интеркосмос» ба парвози кайҳонӣ тайёрӣ дид. Мувофиқи программаи киштии идорашавандаи «Союз» ва стансияи мадории «Салют» курси пурраи таҳсилро хатм кард. 26 маи 1980 дар киштии кайҳоиии «Союз-36» (ҳамроҳи В. Н. Кубасов) ба кайҳон парвоз намуд. Киштии «Союз-36» 27. 5. 1980 ба комплекси мадории «Салют-6» — «Союз»-35» пайваст шуд. Кайҳоннавардон Ф., Кубасов ва экипажи асосии «Салют-6» Л. И. Попов, В. В. Рюмин дар кайҳон 7 рӯз якҷоя парвоз карданд. Баъди иҷрои бомуваффақияти программаи парвоз, ки олимони Республикаи Халқии Венгрия ва СССР тартиб дода буданд, кайҳоннавардон Ф. ва Кубасов 3. 6. 1980 ба Замин баргаштанд. Бо ордени Лерин ва ордену медалҳои Республикаи Халқии Венгрия мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …