Маълумоти охирин

ФАРИДУН

ФАРИДУН яке аз персонажҳои асотири қадими эронӣ ва «Шоҳнома»-и Фирдавсист. Аз «маълумоти китобҳои «Ригведа» ва Авесто («Обон-яшт», «Дрвасп-яшт», «Зомиёд-яшт», «Ясно» ва ғайра) бармеояд, ки қиссаву ривоятҳо оид ба Фаридун дар ҳазораи 2 то мелод вуҷуд доштаанд. Устураи Фаридун, ному насаби ӯ нисбатан пурратар дар осори паҳлавӣ (китобҳои «Бундаҳиш», «Минуи хирад» ва ғайра), таърихҳои исломӣ («Таърихи Табарӣ»), инчунин «Осор-ул-боқия»-и Берунӣ, «Муҷмал-ут-таворих»-и муаллифи номаълум ва ғайра омадааст. Дар таърихҳои исломи бунёдгузории иди Меҳргон ба замони Фаридун, ба ёди рӯзи ғалабаи вай бар Заҳҳок мансуб дониста шудааст.

shohnoma

Фирдавсӣ дар офаридани ин образ аз қиссаву ривоятҳои қадимӣ, асотири авестоӣ ва паҳлавӣ истифода кардааст. Мувофиқи маълумоти у Фаридун аз авлоди Ҷамшед буд. Уро модараш аз қаламрави Заҳҳок гурезонида, ба шири гове бо номи Бармоя калон кард. Фаридун ба камол расида, бо ёрии Коваи Оҳангар соҳиби тахту тоҷ гардид ва Заҳҳокро дар кӯҳи Дамованд занҷирбанд кард. Фаридун дар охири умр кишварашро байни се писараш—Эраҷ, Салм, Тур тақсим кард. Фирдавсӣ дар асоси маълумоти асотирӣ бошад ҳам, образи, ҳукмрони одил ва ботадбиреро ба вуҷуд овардааст, ки ба идеали шоир, ба воқеаҳову вазъи иҷтимоӣ ва сиёсии замонаш созгор буд. Достони Фаридун ва писарони ӯ мувофиқи тасвири Фирдавсӣ аҳамияти калони панду ахлоқӣ низ дорад. Қиссаи бародаркушӣ, ки Фирдавсӣ дар достони Фаридун ду бор ба он муроҷиат кардааст (бори аввал бародарони Фаридун — Каёнушу Пурмоя мехостанд Фаридунро аз миён бардоранд), бешубҳа, инъикоси воқеоти пуршӯри замони шоир аст ва бори дигар аз ҳақиқатнигории Фирдавсӣ гувоҳӣ медиҳад.

Оид ба Фаридун дар насри омиёнаи форс-тоҷик («Самаки айёр»), эҷодиёти даҳанакии халқ қиссаву афсонаҳо вуҷуд доранд. Дар эҷодиёти аксари шоироии форс-тоҷик низ аз Фаридун ёд мешавад.

Адабиёт: Абулқосим и Фирдавсӣ, Шоҳнома, ҷилди 1, Душанбе, 1964. М. Диловаров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …