Маълумоти охирин

ФАРҲОД

xusrav-va-shirin

ФАРҲОД «яке аз персонажҳои қиссаву достонҳо ва ривоятҳои эҷодиёти даҳанакӣ ва адабиёти хаттии форс-тоҷик ва халқҳои дигари Шарқ мебошад. Номи Фарҳоди кӯҳкан, ошиқи малика Ширин ва рақиби Хусрав — подшоҳи сосонӣ аввалин бор дар «Тарҷумаи Таърихи Табарӣ»-и Балъамӣ (асри 10), «Рисолаи сония»-и сайёҳи араб Абӯдулаф (асри 11), «Муҷмал-ут-таворих вал-қиссас»-и муаллифи номаълум (асри 11) ба назар мерасад. Дар адабиёти бадеӣ як иду ишора ба Фарҳод дар шеърҳои Қатрони Табрезӣ (асри 11) ва Амир Абулҳасан ибни Илёси Оғоҷӣ (охири асри 10— ибтидои асри 11) вуҷуд доранд.
Дар адабиёти форс-тоҷик образи Фарҳод пурра ва мукаммал дар достони Низомии Ганҷавӣ «Хусрав ва Ширин» тасовир гардидааст. Низомӣ дар офаридани ин образ аз қиссаву ривоятҳои халқӣ истифода кардааст. Дар достони Низомӣ Фарҳод намояндаи аҳли меҳнат, хирадманд, инсондӯст, шахси фидокор ва дар ишқ содиқ мебошад. У на танҳо бо зӯри бозу, балки бо дониши амиқи худ аз дигарон фарқ мекунад. Дар зери таъсири достони Низомии Ганҷавӣ достонҳои зиёде офарида шудаанд, ки дар байни онҳо достони Хусрави Деҳлавӣ «Ширин ва Хусрав» ва «Фарҳод ва Ширин»-и Алишери Навоӣ ҷолиби диққатанд. Фарҳоди Хусрави Деҳлавӣ дар анъанаҳои назми дарборӣ офарида шудааст. У шоҳзодаест, ки аз ишқи бебарори худ менолад. Дар достони Навоӣ Фарҳод қаҳрамони асосӣ буда, саргузашташ аз овони кӯдакӣ то охири умр тасвир шудааст. Образи Фарҳод дар достонҳои шоирони дигари форс-тоҷик, ӯзбек, турк, ҳинду, урду ва ғ. (аз давраи Низомӣ то асри 20), роману повест ва драмаҳои ҳозиразамон («Хисрав ва Ширин»-и М. Турсунзода ва А. Деҳотӣ (1936); «Фарҳод ва Ширин»-и Самад Вургун (1942); «Достони ишқ»-и Нозим Ҳикмат (1948) ва ғайра тасвир гардидааст.
Адабиёт: Алиев Г. Ю., Легенда о Хосрове и Ширин в литературах народов Востока, Москва. 1960; Бертелс К. Э., Низами и Физули, М., 1962; ҳамонмуаллиф, Навоии Джами, Москва, 1965.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …