Главная / Маданият ва санъат / «ФАРҲАНГНОМА»

«ФАРҲАНГНОМА»

«ФАРҲАНГНОМА» фарҳанги тафсирист, ки Ҳусайни Вафои дар асри 16 таълиф кардааст. Аз муқаддима ва 25 боб иборат буда, 451 фасл ва 2425 луғатро дар бар мегирад. Тартиби луғат алифбоист. Дар шарҳи луғат барои тасдиқи фикр аз эҷодиёти Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Ҳофиз, Салмони Соваҷӣ, Ҷомӣ ва дигар, инчунин аз эҷодибти худаш байтҳо овардааст. Дар «Фарҳангнома» номи деҳаю шаҳрҳо ва ғайра акс ёфтаанд ва луғатҳоеро, ки бештар махсуси ягон шаҳр ё вилоятанд, қайд кардааст. Нусхаҳои «Фарҳангнома» дар китобхонаи миллии Париж (нопурра, китобаташ 1857), китобхонаҳои Институти шарқшилосии Академияи Фанҳои РСС Узбакистон (зери рақами 1036) ва Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон (зери рақами 208 ва қисми луғат бо асарҳои дигар дар як ҷилд 647/1) маҳфуз аст. А. Отахонова.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

books

САФАРНОМА

САФАРНОМА, як ҷузъи адабиёти илмии оммавӣ, илмии фантастикӣ, бадеии психологӣ, саргуааштӣ, ҳуҷҷатӣ, ки сюжеташ ба …