Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ФАРҲАНГИ АМИД»

«ФАРҲАНГИ АМИД»

«ФАРҲАНГИ АМИД» фарҳанги тафсирии забони форсӣ, таълифи луғатнависи эронӣ Ҳасани АМИД. Зиёда аз 25 ҳазор калимаро дар бар мегирад. Дар муқаддимии он, ки ба муаллиф тааллуқ дорад, баъзе ҳиссаҳои нутқ муфассал шарҳ ёфтааст. Пас аз он дар фасли ҷудогона оид ба қоидаву нстилоҳоти забоии форсӣ ва арабӣ маълумот медиҳад. Сохти фарҳанг мувофиқи тартиби алифбои арабист. Калимаҳои европоӣ ва камистеъмол ба хуруфи лотинӣ омадаанд. Ба кадом забон тааллуқ доштани калима бо аломатҳои шартӣ ишора гардидааст. Шаклҳои феълӣ дар дохили феъли асосӣ бо хати сиёҳ ҷудо карда шудаанд. Тарзи дуруст хондани баъзе калимаҳо бо замма, фатҳа ва касра ншнон дода шудааст. Дар «Фарҳанги Амид» тафсири таъбиру идиомаҳо низ ба назар мерасад. Шарҳи синонимҳо ба тариқи ҳавола аст. Номҳои ҷонварон ва гиёҳҳо бо сураташон акс гардидаанд. Дар фарҳанг истилоҳоти адабиётшиносӣ ҳам возеҳ шарҳ ёфтаанд.
Х. Аҳадов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …