Маълумоти охирин
Главная / Илм / ФАРҲАНГ

ФАРҲАНГ

ФАРҲАНГ, Луғат, китобест, ки дар он воҳидҳои забонӣ (калимаҳо, ибораҳо, морфемаҳо ва ғайра) бо тартиби муайни омада, асли баромад, маъно, мавриди истифода, тарҷумаи онҳо ба дигар забон дода мешавад. Фарҳанг дар давраҳои хеле қадим ба вуҷуд омада (нигаред Лексикография), баробари ташаккули забони адаби тараққӣ кардааст. Ду гурӯҳм асосии Фарҳанг вуҷуд дорад: эндиклопедӣ ки исми одамони машҳури таърихию асотирӣ, номҳои ҷуғрофӣ. истилоҳоти илму техника, воқеаҳои бузурги таърихӣ ва ғайраро шарҳ медиҳад; филологӣ ё лингвистӣ, ки дар он калима, ибораҳо ва хусусиятҳои грамматикию услубии онҳо тафсир мешавад.

zabon

Миёни ин фарҳангҳо умумият ҳам ба назар мерасад: аз рӯи алифбо тартиб ёфтаанд ва бисёр калимаҳо барои ҳар ду гурӯҳ муштараканд. Амаю усули тафсир фарқ дорад. Фарҳанги энсиклопедӣ на калима, балки истилоҳстро эзоҳ дода, маъноҳои маҷозӣ ва нишонаҳои грамматикиро дар бар намегирад. Дар фарҳанги лингвистӣ бошад, бевосита худи калима тафсир шуда, ҷизи ифодашаванда бисёр мухтасар шарҳ меёбад. Фарҳанги энсиклопедӣ аз рӯи як соҳаи илм ё техника ҳам фароҳам меояд. Фарҳанги лингвистӣ ба умумӣ ва махсус ҷудо шуда, яке калимаю истилоҳоти серистеъмол ва дигаре як ҳиссаи калимот, масалан, калимаҳои иқтибосӣ (фарҳанги калимаҳои хориҷӣ), фразеология (фарҳанги фразеологӣ), синонимҳо (фарҳанги синонимҳо) антонимҳо (фарҳанги антонимҳо), калимаҳои нав (фарҳанги калима ва ибораҳои нав)-ро дар бар мегирад. Фарҳангро инчунин ба тафсирии якзабона ва дузабона (бисёрзабона) ё тарҷума (масалан, фарҳанги русӣ-англисӣ, тоҷикӣ-русӣ ва ғайра) тақсим мекунанд. Дар луғатҳои имлоию орфографӣ, калимасозӣ, басомад ва чаппа, ки ба ҷиҳатҳои шакли забон оиданд, тафсири маъно шарт нест. Вале фарҳангҳои тафсирӣ, дузабона (тарҷума), синоними, фразеологӣ, омонимӣ, этимологӣ, калимаҳои хориҷӣ ва ғайра бо тарафҳои семантикии луғат сару кор дошта, шарҳи маъноро талаб мекунанд. Умуман дар фарҳанг фонетика, морфология, синтаксис ва таърихи забон инъикос меёбад. фарҳанги тафсири имлои асосии калима, шаклҳои он, зада, ҳиссаи нутқ, ҷинсият, ҷамъбандӣ ва ғайраро фаро мегирад, ки ҳар яки онҳо параметри лексикографӣ номида мешаванд. Алалхусус фарҳангҳои тафсирӣ ва тарҷума параметрҳои зиёде доранд, ки ҳар кадоми онҳо бо аломатҳои махсус ишора шудаанд. Ҳоло бештар аз 60 параметри лексикографӣ маълум аст. Масалан, дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» зиёда аз 15 ва дар «Русско-таджикский словар» (1985) бештар аз 30 параметр вуҷуд дорад. Фарҳангҳое низ ҳастанд, ки аз рӯи як ё ду-се параметр таълиф ёфтаанд (масалан, луғати орфографӣ, луғати чаппа ва ғайра). Фарҳангҳои тоҷикӣ пеш аз Револютсия Октябр асосан тафсирӣ буданд. Дар давраи советӣ навъхои дигари фарҳанг (дузабона, истилоҳот ва ғайра) ба миён омадаанд. В. Капранов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …