Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «ФАРҲАНГИ МУКАММАЛИ ФОРСӢ-АРАБӢ-РУСӢ»

«ФАРҲАНГИ МУКАММАЛИ ФОРСӢ-АРАБӢ-РУСӢ»

«ФАРҲАНГИ МУКАММАЛИ ФОРСӢ-АРАБӢ-РУСӢ», луғати сезабонаест, ки соли 1910 И. Д. Ягелло таълиф кардааст. Дар таснифи «Фарҳанги мукаммали форсӣ-араби-русӣ» «Фарҳанги форсӣ-арабӣ-англисӣ»-и Ф. Штейнгасс, «Фарҳанги мукаммали ҳиндустонӣ-форсӣ-англисӣ»-и Ҷон Т. Платтс, луғатҳои нисбатан хурди форсӣ ба русии В. П. Наливкин ва Л. Н. Дмитриев ва ғайра истифода шудаанд. Он якумин луғати мукаммали форсӣ-тоҷикӣ ба русӣ буда, тақрибан 70 ҳазор калимаро дар бар мегирад. «Фарҳанги мукаммали форсӣ-араби-русӣ» дар асоси калимаҳои форсӣ-тоҷикӣ ва калимоти арабие, ки ба ин забон гузаштаанд, тартиб ёфтааст. Дар радифи калимаҳои иқтибосии он бо аломатҳои шарти (масалан, а— арабӣ, т.— туркӣ ва ғайра) асли онҳо ишора ёфтааст; ҳаракати калимаҳо гузошта шудааст; дар назди моддаи луғавӣ варианти фонетикӣ ва морфологии он сабт гардидааст. Дар радифи калимаҳои урду ҷинси грамматикии онҳо (мардона, занона) ба воситаи ҳарфҳои «м» ва «ж» ишора гардидааст. «Ф.» дар илму маданиятн Ооиёи МиёНа ва шарқшиносии Роосияк авв. а. 20 комёбй ба шумор морафт ва дар намоишгоҳи ҷашни илмй ва хоҷагии Туркистон (1909) оазовори Мвдали калони тилло шуда буд. Аз «Фарҳанги мукаммали форсӣ-араби-русӣ»дар таълифи бисёр луғатҳои форсӣ-тоҷикӣ ба русь: «Луғати тоҷикӣ-русӣ» (1954), «Фарҳанги форсӣ ба русӣ» (1970) ва ғайра истифода кардаанд.
В. Капранов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …