Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ФАРҒОНА

Шаҳри ФАРҒОНА

ФАРҒОНА, шаҳр, маркази вилояти Фарғона. Аҳолиаш 191 ҳазор нафар (1984). Дар Фарғона корхонаҳои саноати таҳвили нефт, химия (нуриҳои-нитрогендор, нахҳои химиявӣ ва ғайра) саноати сабук (заводи пахта, комбинатҳои бофандагӣ, чарми сунъӣ, фабрикаҳои пиллакашӣ, пойафзол, дӯзандагӣ), масолеҳи бинокорӣ ва хӯрокворӣ, заводи «Газоаппарат» ва ТЭС мавҷуданд.

fergana

2 донишкадаи олӣ, 5 техникум, 2 театр ва музеи кишваршиносӣ дорад. Шаҳр соли 1877 дар ҳудуди собиқ хонии Хӯқанд бунёд ёфта, то соли 1907 Марғелони Нав, солҳои 1907— 24 Скобелев ном дошт. Соли 1918 ба ҳайати РСС Туркистон дохил шуд. Аз 1924 дар ҳайати РСС Узбакистон ва аз 1938 маркази вилоят аст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …