Маълумоти охирин

ФАРД

ФАРД (арабӣ —якка, танҳо), як навъ шеъри якбайтаи мустақилмаъноро гӯянд. Дар эҷодиёти даҳонакии халқ ва адабиёти классикии форс-тоҷик аз қадимулайём маъмул буд. Дар адабиёти имрӯза низ ба назар мерасад. Дар фард як фикри томи иҷтимоӣ, ахлоқию тарбиявӣ, фалсафӣ, ишқӣ ва ғайра ба таври барҷаста, образнок ва бо хулосаҳои мантиқӣ ифода меёбад. Масалан, Абдулқодирхоҷаи Савдо мегӯяд:

Одамият на ба нутқу на ба ришу на ба ҷон,

Тӯтӣ ҳам нутқу бузам ришу харам ҷон дорад.

Дар адабиёти классикии форс-тоҷик Низомӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигарон фард гуфтаанд, вале шоири форсизабони Ҳиндустон Ғании Кашмирӣ маҳз дар фардгӯӣ номӣ гаштааст. Муфрадоти шоирони форс-тоҷик дар байни халқ паҳн гардида, ба панду ҳикмат табдил ёфтаанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …