Маълумоти охирин
Главная / Биология / ФАРБЕҲӢ

ФАРБЕҲӢ

ФАРБЕҲӢ, дар насҷи зери пӯст,чарбу ва дигар бофтаҳои организм аз ҳад зиёд захирашавии равғанро гӯянд. Фарбеҳӣ бемории ҷиддист. Он боиси инкишофи дигар касалиҳо, аз қабили атеросклероз, зиққи дил, инфаркти миокард, газаки талхадон, касалии қанд шуда метавонад. Сабаби фарбеҳӣ гуногун аст. Дар инкишофи фарбеҳӣ омилҳои ирсӣ аҳамияти калон доранд, он чун ихтилоли мубодилаи моддаҳо аз насл ба насл мегузарад. Барои ҳамин ҳам барзиёдии вазни бадан бештар дар бачагоне дида мешавад, ки падару модарашон фарбеҳанд.

2149058_zhirnyi-rebenok

Истеъмоли барзиёди хӯрокворие, ки таркибаш асосан аз карбогидратҳо (асал, қанд, нон, таоми хамирӣ, харбуза, ангур, картошка ва ғайра) ё моддаҳои равғани (қаймоқ, равғани думба, маска ва ғайра) иборат аст, ба зуҳури ирсии фарбеҳӣ мусоидат мекунад. Афзоиши бемории фарбеҳӣ бо беҳтар шудани шароити маишӣ ва паст шудани фаъолияти ҷисмонии одамон (гипокинезия) зич алоқаманд аст. Одам бештар дар синни 40—70 фарбеҳ мешавад. Дар одами солим байни қувваи ғизоӣ ва миқдори масрифи он ҳамоҳангии муайяне мавҷуд аст. Ин ҳамоҳангиро иштиҳо танзим мекунад. Танзими иштиҳо ба фаъолияти гипоталамус ва қишри мағзи сар вобаста аст. Фарбеҳӣ дар натиҷаи иллати ғадудҳои усораи дохилӣ (гипофиз, сипаршакл, болои гурда) ҳам ба вуҷуд меояд.
Муолиҷа; бартараф намудани сабаби асосии беморӣ; парҳез (хусусан аз таомҳои серғизо), тағзияи мураттабу шифоӣ, варзиши шифоӣ истеъмоли доруҳои иштиҳобанд (фақат бо маслиҳати духтур). Пешгирии фарбеҳӣ бояд аз овони кӯдакӣ сар шавад (риояи режими хӯрокхӯрӣ, ҳаракати ҷисмонӣ ва ғайра).
Адабиёт: Баранов В. Г., Ожирение, Москва, 1972. М. Қобилов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …