Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «ФАРҲАНГИ ЗАРБУЛМАСАЛ, МАҚОЛ ВА АФОРИЗМҲОИ ТОҶИКИЮ ФОРСӢ»

«ФАРҲАНГИ ЗАРБУЛМАСАЛ, МАҚОЛ ВА АФОРИЗМҲОИ ТОҶИКИЮ ФОРСӢ»

«ФАРҲАНГИ ЗАРБУЛМАСАЛ, МАҚОЛ ВА АФОРИЗМҲОИ ТОҶИКИЮ ФОРСӢ», нахустин фарҳанги тафсирии зарбулмасал, мақол ва афоризмҳои тоҷикию форсист, ки Муллоҷон Фозилов таълиф кардааст (ҷилди 1—1975, ҷилди 2—1977). Дар ин китоб тақрибан 6 ҳазор зарбулмасал, мақол ва афоризмҳо фароҳам омадаанд, ки дар эҷодиёти намояндагони адабиёти классикии форс- тоҷик, тазкираҳо, фарҳангҳо, маҷмӯаҳои гуногун, дар журнал, газета ва китобҳои илмии имрӯза, асарҳои драмавӣ, фолклорӣ ва ғайра истифода шудаанд. «Фарҳанги зарбулмасал, мақол ва афоризмҳои тоҷикию форсӣ» бо усул ва системаи лексикотрафии ҳозира мураттаб гардидааст. Зарбулмасал, мақолу афоризмҳо ва вариантҳои онҳо аз рӯи алифбои тоҷикӣ (мувофиқи ҳарфи аввалаашон) ҷой гирифтаанд. Баъд аз зарбулмасал, мақол ва афоризм як порчаи манзум ё мансур оварда шудааст. «Фарҳанги зарбулмасал, мақол ва афоризмҳои тоҷикию форсӣ» аҳамияти зиёди назарӣ дорад. Мураттиб кӯшидааст ҳудуди зарбулмасалҳоро муайян кунад, фарқи онҳоро аз дигар воҳидҳои нутқ нишон диҳад, хусусиятҳои мақол ва афоризмҳо, шакли асосӣ ва вариантҳои онҳо, мавқеи истеъмол, маъно ва мазмуни онҳоро муайян намояд. Мушоҳидаҳои мураттиб дар бораи фарқи зарбулмасалҳои китобӣ ва даҳанакӣ (шифоҳӣ) низ ҷолиби диққатанд.
В. Капранов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …