Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «ФАРҲАНГИ ОИМ—ЕВАК»

«ФАРҲАНГИ ОИМ—ЕВАК»

«ФАРҲАНГИ ОИМ—ЕВАК» (дар транскрипсияи паҳлави «Ғгаhang-1 оim — еvак», айнан; фарҳанге, ки бо калимаи авестоии оim — «як» ва паҳлавии еvак — «як» шурӯъ мешавад), фарҳанги дузабонаи авестоӣ —паҳлавӣ, яке аз осори лексикографии забони форсии миёна (паҳлавӣ) мебошад. Соли таълиф ва мураттиби он маълум нест. «Фарҳанги Оим-Евак» бо ҳуруфи авестоӣ ва паҳлавӣ китобат шуда, 1000 калимаи авестоӣ, 2200 калимаи паҳлавӣ, 833 калимаи бегона (оромӣ) ва 24 калимаи позандиро (ниг. Позанд) дар бар мегирад. «Фарҳанги Оим-Евак» аз 27 боб иборат буда, чанде аз онҳо — бобҳои 1—4 ва 25—27 аз рӯи мавзӯъ, як қисми боби 4 ва бобҳои 5—24 мутобиқи алифбои авестоӣ мураттаб гардидаанд. Дар «Фарҳанги Оим-Евак» шумораҳои миқдорӣ ва тартибӣ, ҷовишинҳо, сифатҳо бо префикси hu — «хуб», узвҳои бадани инсон, пайвандакҳо, истилоҳоти динӣ, хислатҳои инсон, воҳидҳои андоза (ангушт, қадам), шаборӯз ва қисмҳои он тафсир шудаанд. Бобҳои ба тартиби алифбо сохташуда нопурра буда, ҳамагӣ доир ба 24 ҳарфи авестоӣ мисолҳо оварда шудаанд; дар алифбои авестоӣ бошад, 48 ҳарф ва 44 овоз вуҷуд дорад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …