Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «ФАРҲАНГИ ФОРСӢ БА РУСӢ»

«ФАРҲАНГИ ФОРСӢ БА РУСӢ»

«ФАРҲАНГИ ФОРСӢ БА РУСӢ» фарҳанги дуабонаест, ки Мирзо Ғаффоров таълиф кардааст. Иборат аз ду ҷилд буда, дар Москва солҳои 1914—28 ба табъ расидааст. Дар табъи «Фарҳанги форсӣ «муҳаррирони он академик Ф. Б. Корш ва профессор Л. И. Жирков ҳиссаи калон гузоштаанд. Дар он аз назми форс-тоҷик, махсусан аз эҷодиёти Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигарон мисолҳо оварда шудаанд. Он тақрибан 40 ҳазор калимаро дар бар мегирад. «Фарҳанги форсӣ ба русӣ» аз ҷиҳати фаро гирифтани луғат, ибораҳо, мақолу зарбулмасалҳо ва тафсири муфассалу аниқи калимаҳо аз дигар фарҳангҳои дузабона афзалият дорад. «Фарҳанги форсӣ ба русӣ» бо саъй ва кушиши Б. Ғафуров дар Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои СССР бори дуюм ба усули (фотокопия дар ду ҷилд чоп шуд (1976). В. Капранов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …