Главная / Ҷамъият / ФАЪОЛИЯТ

ФАЪОЛИЯТ

ФАЪОЛИЯТ, шакли махсуси муносибати инсон ба олам ва тағйири бошууронаи он ба манфиати одамонро гӯянд. Фаъолият маъмулан дорои мақсад, восита, натиҷа ва ҷараён мебошад. Фаъолияти инсон ҳамчун фаъолияти иҷтимоӣ сурат мегирад.

bozori-mehnat

Он аз объект, предмети амалиёт ва субъекти амалиёт иборат аст. Фаъолияти инсон ҳам фаъолияти биологӣ ва ҳам фаъолияти иҷтимоию маданӣ, иҷтимоию таърихии ӯро дар бар мегирад. Зимни инкишофи фардии инсон ҷиҳатҳои биологии фаъолият ва фаъолиятмандии он тағйир меёбанд.
Фалсафаи марксистӣ аз доираи фаҳмиши маҳдуди идеалистии фаъолият берун баромада, дар зери ин мафҳум ягонагии узвии шаклҳои ҳиссию амалӣ ва назариявии фаъолиятро мефаҳмад.
С. Наврӯзов.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

Сулолаи САФФОРИЁН

САФФОРИЁН, сулолаи амирони эронӣ (861—900), ки дар пароканда шудани хилофати Аббосиён ва озод кардани Эрон …