Маълумоти охирин
Главная / Илм / ФАНТАСТИКАИ ИЛМӢ

ФАНТАСТИКАИ ИЛМӢ

ФАНТАСТИКАИ ИЛМӢ, як навъи адабиёти бадеии фантастикист, ки мавзӯи асосии он пешбинӣ ё таҷдиди бадени ояндаи инсон ва ҷомеан инсонӣ мебошад. Ҳарчанд бархилофи назму насри реалистӣ дар фантастикаи илмӣ хаёлюти одамӣ дар чаҳорчӯбаи ҳаёти воқеӣ, характерҳо ва низоъҳои «муқаррарӣ» ва ё тасаввуроти маълуму маъмули илмию техникӣ маҳдуд нест, бо вуҷуди ин, баръакси адабиёти моҷарописандӣ (детективӣ) матолиби асосии фантастикаи илмӣ сюжет не, балки ғоя аст. Ғояе, ки мегӯем, илмню техникӣ, фалсафию таърихӣ ё сосиологӣ буда метавонад. Он одатан зодаи тахайюли худи навнсанда ё натнҷаи иғроқи бадеии ягон ақида ва ё фарзияи нави фаннист. Муҳиммаш ҳамин аст, ки тавассути ғояи мазкур нигоранда аз оянда баҳс мекунад. Ин оянда вобаста ба ҷаҳонбинии нависандаи фантаст хайр (утопия) ё шар (антиутопия) мешавад.

fantastika

Фантастикаи илмӣ дар миёлаи асри 19 дар пайвандгоҳи адабиёти илмии оммафаҳм ва адабиёти моҷарописандӣ ташаккул ёфтааст. Саромади он Ж. Верн буд, ки асарҳои худро дар заминаи эҷодан ба ҳам пайвастани ун сурҳои асотиру афсонаҳои қадима ва фарзияҳои илмии замонаш офаридааст. Ба ӯ муяссар шуд, ки дар чаҳорчӯбаи жанри анъанавии бадеӣ — қиссаи сартузаштии моҷарописандона — шоҳасарҳои фантастикаи илмиро эҷод кунад. Ҷиҳати умдаи асархои фангастнкии Ж. Верн ин буд, ки дар онҳо ягон ақида ё фарзияп илмӣ мавриди тафснру интишор қарор гирифтааст. Ба марҳилаи нави инкишофи фантастикаи илмӣ Ҳ. Уэлс зашша гузошт. Вай, аввалан, аз унсурҳои жанри саргузашти моҷаронок хеле кам истифода мекард, сониян, маҳз проблемаи инсонро ба мадди назар гузошт. Бо ибораи дигар, Ҳ. Узлс бо тарғибу ташвиқи тасаввуроти маъмули илмӣ қаноат накарда, кӯшиш менамуд, ки мантиқи инкишоф ё татбиқи алгалии ғояи илмиро пайаста ба тақдиру характерҳои одамӣ, дар ҷараёни бархӯрди фоҷианоки инсону техника андеша кунад. Ҳ. Уэлс ва умуман нависандагони равияи мазкур на фақат процесси пайдонш ё ташаккулу тараққии ғояҳои илмӣ ва ё ихтирооти техникӣ, балки пеш аз ҳама таъсири имконпазири онҳоро ба тақдиру амалиёти одамӣ ва тавассути ин натиҷаи иҷтимоии кашфиёти маакурро мавриди тафсиру андешаи амиқи бадеӣ қарор медиҳанд. Ин ҷараёии адабиёти фантастикӣ маҳз проблемаи фалсафию иҷтимоиро ба мавқеи аввал мегузорад. Дар замони мо намояндагони барҷастаи ин равияи Ф. и. (К. Чапек ва А. Толстой, С. Лем ва О. Хаксли, А. Азимов ва Р. Брэдбери, И. Ефремов ва бародарон А. ва Б. Стругаскийҳо) кӯшиш доранд, ки дар асарҳояшон умдатарин масъалаҳои замонаро ба миён гузошта, диққати аҳли фаҳмро дар сари вақт ба онҳо ҷалб намоянд. Оқибатҳои ҷамъиятии кайҳотшавардӣ, махсусан робитаҳои байни тамаддӯнҳои кайҳонӣ, таносуби одаму мошин ва умуман натиҷаи кибернетиконидани ҷамъияти инсонӣ, қонуният ва махсусияти ташаккули баъзе падидаҳои фалокатбори иҷтимоӣ (аз қабили фашизм) ва ҷиҳатҳои ногаҳониву нозуки таъсири дуҷонибаи ҷамъияту табиат (масъалаҳои экологӣ) аз мавзӯъҳои асосии фантастҳои равияи мазкуранд.

Дар адабиёти тоҷик низ фантастикаи илмӣ аз тафсиру интишори бадеии ақидаҳои маълуму маъмули илмӣ оғоз шуд ва аз аввал ба наврасон ва ҷавонон рӯ овард. Ба ин нахустин хикояи А. Баҳорӣ «Сандуқи пӯлод» ва қиссаи М. Миршакар «Амри ишқ» мисол шуда метавонанд. Аа ҷумла асари мазкури Миршакар дар заминаи китоби илмии оммафаҳми Б. Белкович, С. Клейленберг ва А. Я. Яблоков «Дӯсти мо далфин» навишта шудааст. Алҳол, бино ба эътирофн бархе аз мунаққидон ва нависандагони фантастикии фантастикаи илмӣ ба маънои анъанавии ин истилоҳ як навъ бӯҳронро аз сар мегузаронад: мавзӯъҳои пешина (парвоэҳои кадҳонӣ, олами зерл баҳр, муносибати одаму ҳисобмошинҳои электрони ва ғайра) ҳарҷиҳата ва чандинкарата истифода шудаанд. Мавзӯъҳои нави ҷолиби диққат ва шавқоварро бошад, дар шароити инқилоби илмию техиикӣ дарёфтан кори осон нест. Қисман аз 1ш ҷиҳат аст, ки ҳоло бисёр нависандагон ба фантастикаи иҷтимоӣ (б реалистӣ) рӯй овардаанд, ки аа аввал ба фалсафа ва умумал ллмҳои ҷамъиятию гуманитарӣ такя мекунад ва маълумоти фанниро хеле озод ва шартӣ истифода мебарад. Қиссаи А. Баҳорӣ «Ҷасорати доктор Мансур» айнан ба ҳамин равия наздик аст. Дар ин асари фантастикӣ ғояи аз як сар гирифта ба дигар сар шинонидани системаи асаб баён шудааст. Ҳарчанд ин ғоя нав нест (аз ин пеш ғояи мушобеҳ дар асари А. Беляев «Каллаи профессор Доуэл» корбаст шуда буд), худи тарзи истифодаи он дар ҳикояи Баҳорӣ ҷолиб аст. Дар малриди мазкур сухаи аз ҷиҳатҳои тиббии амали ҷарроҳӣ не, балки асосан дар бораи тақдири одам ва характери одамӣ рафтааст. Аз ин чиҳат дигар қиссаҳон Баҳорӣ «Нақли Ашани пир», «Мурофиа» ва «Шоҳидон» низ шавқоваранд. Л. Истад дар ҳикояи «Вохӯрӣ» ба худ тасаввур кардан хостааст, ки агар аз олами дигаре ба замини мо намояндае ояд, баъзе аз заминиён ӯро чӣ тавр пешвоз хоҳанд гирифт. Дар тасвири ӯ кор бо он анҷомидааст, ки охир як кас намояндаи сайёраи Б- ро девона гумон карда, ба беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ бурд. Нависанда бо нақли ин воқеаи пураҷобат кӯтоҳназарӣ, бедиққатӣ ва мусоҳилакории баъзе мардумони моро сарзаниш кардааст.

Як хусусияти муҳимми инкишофи ҳозираи фантастикаи илмӣ он аст, ки дар марзи вай унсурҳои насри реалистӣ чуқуртар реша мегиранд. Дар натиҷа адабиёти бадеии анъанавӣ ва фантастикаи иҷтимоӣ ба ҳам ҳар чӣ бештар наздик меоянд ва дар нақди онҳо меъёрҳои муштараки адабӣ ҳар чӣ зиёдтар корбаст мегарданд.

Солҳои охир фантастикаи илмӣ доираи нуфузу эътибори худро васеъ карда, ба театр, кинематография ва санъати тасвирӣ низ роҳ ёфт. а. Турсунов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …