Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФАНОӢ Муҳаммаднофеи Пирмасти

ФАНОӢ Муҳаммаднофеи Пирмасти

ФАНОӢ Муҳаммаднофеи Пирмасти (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик. Дар охири асри 19— ибтидои асри 20 умр ба сар бурдааст. Дар Бухоро улуми расмии даврро омӯхт. Намунаҳои осораш дар тазкира (масалан, «Тазкират-уш-шуаро»- и Мӯҳтарам) ва баёзҳо омадааст. Ин порча аз ӯст:

Дидам он шӯхи гуландоми ба худноошно,

Маҳваши ширинзабону дилбари нозукадо.

Ёфт чун аз шамъи рухсораш ҳарими дил зиё,

Ваъдаи васлаш ба ёд омад, талабкардам вафо,

Ханда карду ишва карду гуфт: «Андак сабр кун».

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …