Маълумоти охирин

ФАНО

ФАНО (арабӣ  — нест шудан, хомӯш шудан, мурдан), дар тасаввуф яке аз зинаҳои асосии тариқат ё мақоми пеш аз бақоро гӯянд. Аввалин бор Боязиди Бистомӣ ғояи ин таълимотро ба миён гузоштааст. Моҳияташ аз он иборат аст, ки солики роҳи тариқат, хусусиятҳои шахсӣ, аз қабили ирода, майлу рағбат ва кайфу завқро аз худ дур намуда, ба воситаи риёзати қалбӣ бояд камол ёбад ва аз ҷиҳати маънавӣ ба дараҷаю мартабаи худоӣ бирасад. Охири чунин маъно дорад, ки сӯфӣ ба воситаи муҷоҳида, ки асоси он аз маърифати ҳадсӣ (интуитивӣ) иборат мебошад, ҳақиқат (худо)-ро дарк карда, минбаъд дар зинаи бақо тамоми ашё ва ҳодисаҳои олами берунаро таҷаллӣ ё худ мазҳари ҳамон ҳақиқати ягона медонад. Яъне фано дар тасаввуф ба дараҷаи нестӣ расиданро ифода намекунад. Ин ҷо сухан дар бораи худшиносии комили инсон ва шахсияти ӯ меравад ва пеш аз ҳама, робита ё худ ягонагии ҷавҳарии оламу одам дар назар дошта мешавад.

Ин истилоҳи тасаввуфро сӯфиён ба таври гуногун мефаҳмвданд. Яке онро дараҷаи шулул мепиндошт ва дигаре ягонагии ҷавҳари оламу одамро қоил нашуда, фақат тавассути таҳзиби ахлоқ ва риёзати қалбӣ дарк намудани ҳақиқатро даъво мекард.           М. Ҳазратқулов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …