Главная / Гуногун / ФАНО Мирзо Сиддиқ

ФАНО Мирзо Сиддиқ

ФАНО Мирзо Сиддиқ (соли таваллуд номаълум, Истаравшан — вафот 1880, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Аз оилаи мударрис. Баъди хатми таҳсил Фано низ мударрис шуд. Устоди Фано дар шеъру шоирӣ Сайидғозии Нола аст. Аввалин шеъри ӯ мухаммас бар ғазали Зокирхоҷаи Намангонӣ ном шоире буд. Фано хаттоти моҳир низ будааст ва ду нусхан нисбатан мукаммали девонаш, ки худи ӯ китобат кардааст, дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон маҳфузанд. Нусхаҳои дигари девонаш дар Китобхонаи Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои РСС Узбакистон нигаҳдорӣ мешаванд. Девони Фано ғазал, мухаммас, рубоӣ, луғз, мустазод, қитъа, қасида ва ғайраро дар бар мегирад. С. Султонов.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …