Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФАМИНСИН Андрей Сергеевич

ФАМИНСИН Андрей Сергеевич

ФАМИНСИН Андрей Сергеевич (29. 6. 1835, Москва—8. 12. 1918, Петроград), ботаники рус ва ходими ҷамъиятӣ. Асосгузори мактаби илмпи Петербург, академики Академияи Фанҳои Петербург (1884). Муаллифи аввалин китоби дарсии оид ба физиологияи растаниҳо (1887). Асарҳои асосии Фаминсин ба фотосинтез ва мубодилаи моддаҳо дар наботот оиданд. Соли 1867 ӯ бо О.  В.Баранеский аз гулсангҳо ҳуҷайраҳои сабзи обсабзҳоро ҷудо намуд. Фаминсин симбиози обсабзҳоро кашф кард. Президенти Ҷамъияти иқтисодии Волн (1906—09) ва президенти фахрии Ҷамъияти ботаникҳои рус (.1915).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …