Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФАМ ТУАН

ФАМ ТУАН

ФАМ ТУАН (таваллуд 14. 2. 1947, деҳаи Куок Гуани музофоти Тхай Бин, Ветнам), лётчик-кайҳоннаварди Республикаи Сосиалистии Ветнам, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1980), ду карат Қаҳрамони Республикаи Сосиалистии Ветнам. Аъзои Партияи Коммунистии Ветнам аз соли 1968. Солҳои 1977—79 шунавандаи Академияи ҳарбии ҳавоии ба номи Ю. А. Гагарин. Аз соли 1979 дар отряди кайҳоннавардон барои парвоз тайёрӣ дид. 23 июли 1980 дар киштии «Союз-37 (ҳамроҳи В..В. Горбатко) ба кайҳон парвоз кард. Киштии «Союз-37» 24. 7. 1980 ба комплекси мадории «Салют-6» — «Союз-36» васл шуд. Баъди иҷрои бомуваффақияти программаи парвоз Фам ва Горбатко 31 июли 1980 ба Замин баргаштанд. Бо ордени Ленин ва ордену медалҳои Республикаи Сосиалистии Ветнам мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …