Маълумоти охирин
Главная / Илм / Фалсафа

Фалсафа

бархе мақсад ва вазифаҳои анъанави (масалан, ҷустуҷӯи нахустмояи олам ё аносири аввалин); 2) тасҳеҳи тарзи гузориш ё тариқи муҳокимаи баъзе проблемаҳо (масалан, масъалаи мабдаъ ва сиришти ҳаракат); 3) аз як савияи тадқиқ ба дигар савия баровардан ё фаровардаии мавзӯъи пешина (масалан, аз савияи онтологӣ ба савияи гносеологӣ гузаронидани проблемаи беинтиҳоӣ); 4.) гузориши проблемаҳои нав ё дарёфтани ҷанбаҳои мавриди назар нашудаи проблемаҳои кӯҳна (масалан, гузориши проблемаи мантиқи маърифат ва методологияи илм).

Зимни таҳаввули мавзӯъ ва услуби тадқиқи фалсафа дар бунёни методӣ ва консептуалли он тарғироти назаррасе ба амал омад ва низ тазодди равияҳо, соҳаҳо ва ҷараёнҳояш бараъло зоҳир шуд. Дар фалсафа асрҳои 17—18 хусусан рақобати методологии расионализм ва эмпиризм (сенсуализм) авҷ гирифт. Рақобати мазкур аслан аз ҷараёни муборизаи қонунии материализм ва идеализм берун набуд, ҳарчанд материалистон ва идеалистонеро метавон ном гирифт, ки вобаста ба сиришти мавзӯи тадқиқотиашон баробар ба як ҷараён (расионализм ё эмпиризм) ҳамроҳ шудаанд. Аз сӯи дигар дар нимаи дуюми асри 19 зарурати таърихии бо диалектика иваз намудани метафизика (ба маъние, ки дар осори Гегел пайдо кардааст) возеҳу ошкор шуд. Барои аз назари илмӣ дуруст ва амиқ маънидод намудани падидаҳои иҷтимоб, табиӣ ва маънавӣ гузориши метафизиконаи масъала, ҳарчанд ин амр дар зимни ақидаи материалистӣ сурат пазирад ҳам, ба кор намеомад; падидаҳои маакураро дар ҷараёни тағйирот ва инкишофи ҳамешаги пазируфтан ва дарк кардан лозим буд. Барои тадқиқи чунин ҷараёни падидаҳо бошад, ягона тариқу воситаи коромад диалектикаи материалистист, ки онро солҳои 40-и асри 19 К. Маркс ва Ф. Энгелс бар бун ёди фалсафа навин гузоштанд.

Таркиб ва таъбири фалсафа (II): равия ва ҷараёнҳои асосӣ. Дар худи аҳди қадим фалсафашавии ҳаллу фасли масъалаи асосии он ба ду қутби ғоявию методологии ба ҳам мухолиф — материализм ва идеализм ҷудо шуд, ки то ҳол равияҳои асосии онро ташкил медиҳанд. Дар таърихи бисёрасраи фалсафа, хосса материализм ва идеализм, асри 19 нақши равшан гузоштааст. Файласуфони немис Кант, Фихте, Шеллинг ва Гегел таълимоти идеалистнро то дараҷаи як системаи томи фалсафӣ инкишоф дода, дар таърихи фалсафа ба мақоми баланд баромаданд. Вале таълимоти материалистии оивақта аз ҷиҳати инкишофи ғоявшо методологӣ ба савияи тараққиёти илмҳои табиатшиносӣ ва амалия мувофиқат намекард, ҳарчанд ки материализми Фейербах барҳақ аз муааффақиятҳои назарраси фалсафаи асри 19-и халқи немис ба шумор меравад. Феербах ба аҳамияти методи диалектикии Гегел сарфаҳм нарафта, онро напазируфт, ва ҳол он ки худи ҳамон вақт як вазифаи муҳимми таърихӣ — зарурати таркиб кардани материалиам ва диалектима пеш омада буд. Ин вазифаро А. И. Герсен, В. Г. Белинский, II. А. Добролюбов, Н. Г. Чернишевский дарк карда буданд, вале онро ба таври бояду шояд ҳал карда натавонистанд. Фақат ба К. Маркс ва Ф. Эягелс муяссар гардид, ки анъанаи пешини фалсафиро аз назари интиқодӣ ҷамъбаст ва комебиҳои илму фан ва амалияи иҷтимоии замони худро назариявӣ хулоса намуда, материализми диалектикӣ ва таърихиро ба вуҷуд оваранд. Ин икдоми беназир дар таърихи чандҳазорсолаи афкори фалсафб инқилоб буд, зеро бори аввал Ф. сурату-сирати илмӣ пайдо карда, дар низоми фарҳанги одамӣ ҷои сазовори худро ишғол намуд. Материализми диалектикӣ ва таърихӣ як ҷузви таркибии марксизм-ленинизм буда, бунёди назарии ҷузвҳои дигари он — иқтисоди сиёсӣ ва коммунизм (сосиализм)-и илмиро ташкил медиҳад.

Марксизм дар як шароити хоси таърихӣ (солҳои 40 асри 19) ба вуҷуд омад: агар, аз як сӯ, синфи коргари Европа ба камоли худшиносии сиёсӣ расида бошад, пас, аз сӯи дигар, ҷамъияти капиталистӣ зиддиятҳои оштинопазири ботиниашро дар ғояти равшанӣ ошкор намуд. Дар чунин вазъият назарияи ҷамъиятшиносӣ мебоист фақат бо таъбири падидаҳои иқтисодию иҷтимоб қаноат накарда, роҳу тариқ ва воситаи дигаргунсозии ҳаёти воқеиро нишон диҳад. Дар ҳаллу фасли маҳз ана ҳамин вазифаи муҳимми илмию амалӣ марксизм иқдоми бузурге кард. К. Мармс ва Ф. Энгелс аз худи оғози фаъолияти назариявиашон кӯшиш карданд, ки ҷаҳонбинии илмии синфи коргар, барномаи стратегӣ ва тактикии ӯро дар муборизаи революсионӣ таҳия созанд. Аз ин ҷиҳат марксизм, бар хилофи ҳамаи ақидаҳои пешини ҷамъиятшиносӣ, як назарияи конкретии инкишофи таърихист, ки зимни аз мавқеи интиқодӣ боздиди назар кардани тасаввуроту назариёти мавҳуми гузашта ва таъмиму ҷамъбаст намудани таҷрибаи муборизан ҷории синфӣ ва ҳаракати революсионб эҷод шудааст.

Марксизм ба сифати назарияи инқилобпазири синфи коргар ташаккул ёфта, дар амалияи революсионии охири солҳои 40 дар Европа ва наҳзатҳои минбаъдаи иҷтимоню сиёсӣ на фақат тасдиқ шуд, балки низ обутоб ёфт.

Дар шуури ҷамъиятии асри 19 ба ҷуз фалсафаи марксистӣ боз якчанд ҷараёни фалсафӣ нуфуа дошт, ки баъзе аз онҳо то замони мо нарасидаанд ва баъзеи дигарашон таҳаввули назаррасро аз сар гузаронидаанд. Аз ҷумла неокантигарӣ ном ҷараёии фалсафаи идеалистӣ дар нимаи дуюми асри 19 дар Германия пайдо шуда, то оғози чоряки дуюми асри 20 нуфузи худро нигоҳ дошта тавонист. Илҳомдиҳандагон ва тарафдорони ин наҳзати фалсафӣ ният доштанд, ки фалсафаи Кантро мутобиқан ба шароити нави таърихию фарҳангӣ эҳё карда, онро барои ҳалли масъалаҳои ҷории иҷтимоӣ, маънавӣ ва гносеологӣ заминаи назарӣ қарор диҳанд. Дар атрофи неокантигарӣ як қатор равияҳо (психологӣ, физиологӣ, реалистӣ) ва мактабҳо (Марбург, Баден)-и фалсафаи идеалистии онвақта муттаҳид шуда, боздиди масъалаҳои умдаи фалсафаро ҳадафи муроди худ қарор доданд.

Ҳоло неокантигарӣ нуфузи пешинаи худро аз даст додааст; нақши онро дар осори фақат баъзе ҷараёнҳои фалсафаи муосири буржуазӣ дидан мумкин аст, ки он ҳам бошад, дар баррасии бархе проблемаҳо (асосан проблемаи қадриёт) зоҳир мешавад.

Дигар ҷараёни бонуфуаи фалсафаи асри 19 позитивизм буд. Ба қавли фалсафа Энгелс, ба се унсури ин барномаи «фалсафаи эҷобӣ»-и Конт бояд эътибор дод: 1) як қатор фикру мулоҳизаҳои гениалӣ, ки бо сабаби ба қадри кофи инкишоф наёфтанашон қариб дар сари ҳар қадам ба ину он дараҷа вайрон тадбир шудаанд;

2)  ҷаҳонбинии танги филистерӣ, ки бо як заковати фавқулода сахт мухолиф омада ва боиси он таъбирҳои вайрон гардида; 3) сохти дараҷа ба дараҷаи динӣ бо сарварии худи папа, ки бешубҳа аз сенсимонизм сарчашма гирифтаасту бо вуҷуди аз унсурҳои мистикӣ тоза шуданаш тамоман нотарошида бувад (Маркс К. и Эигелс Ф., Сочинение, том 39, соли 326—327).

Конт фалсафаи худро аз оғоз ҳамчун методологияи илм муаррифӣ мекард. Ин иддао хусусан дар марҳилаи дуюми инкишофи позитивизм, ки ба номи мактаби Мах вобаста аст, қувват гирифт. Эмпириокритисизм (махизм) аз оғоз худро «фалсафаи табиатшиносӣ» эълон намуда, хеле саъю кӯшиш кард, ки дар муҳити илмии онвақта нуфуз пайдо кунад. Вале методологияи позитивистии илм ба нахустин озмоиши таърихӣ тоб оварда натавонист: вай дар таъбири фалсафии моҳияти гносеологии инқилобе, ки дар физикаи охири асри 19 ва ибтидои асри 20 рӯи дод, сахт шикаст хӯрд.

Дар асри 20 фалсафаи позитивистй дар шакли нав — неопозитивизм (аз ибтидои солҳои 50 бо номи фалсафаи таҳлилгароӣ) арзи вуҷуд кард. Вай низ аз оғоз худро методологияи илм тарошида, дониши илмиро ягона шакли имконпазири маърифат эълон намуд ва пайваста кӯшид, ки масъалаҳои мантиқию гносеологии табиатшиноси ва ҷамъиятшиносиро таҳти тадқиқ ва нуфузи худ қарор диҳад. Неопозитивизм аз фаъолияти назарию ташкилии як гурӯх файласуфони европоӣ мавсум ба «маҳфили Вена» солҳои 20 сар шуд. Аъзоёни ин маҳфил рукнҳои фалсафаи анъанавӣ (ба истилоҳи онон «метафизика»)-ро инкор карда ва вазифаи аслии фалсафаро аз таҳлилу тарклби мантиқни системаи донишҳои илмӣ иборат дониста, ба позитивизми мантиқӣ буньёд гузоштанд, ки минбаъд (баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ) дар Штатҳои Муттаҳида бо номи эмпиризми мантиқӣ инкишоф ёфт. Сабаби асосии барор нагирифтани саъю кӯшишҳои неопозитивизм дар ботил будани он принсипҳои фалсафист, ки сутуни бинон сертабақаи ӯро ташкил медоданд. Дар айни замон таваҷҷӯҳи яктарафаи неопозитивистон ба методологияи табиатшиносӣ ва татбиқи бевоситаи хулосаву натиҷаҳои зимни таҳлилу таркиби донишҳои дақиқ андӯхташуда дар тадқиқи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ, аз як сӯ ва аз сӯи дигар, норасоии худи фаҳмиши позитивистии вазифаи таҳлилу таркиби методологии дониши илмӣ боиси барбод рафтани нуфузи шаклҳои як вақтҳо маъмули неопозитивизм (позитавизми мантиқӣ, эмпиризми мантиқӣ, фалсафаи таҳлилгароӣ) гардиданд. Аз оғози солҳои 60 сар карда неопозитивизм рӯ ба таназзул ниҳод ва ҳоло дар қатори ҷараёнҳои томи фалсафаи Ғарб ном бурда намешавад.

Солҳои 60 ва 70 дар вайронаҳои неопозитивизм «мактаби таърихгароӣ» ном ҷараёни лостпозитивистӣ сурат гирифт, ки зимни боздиди интиқодии осори он ва ба ҳисоб гирифтани маълумоту мафҳумҳои таърихи илм ташаккул ёфт. Мактаби мазкур (Т. Кун, И. Лакатош, П. Фейерабенд ва ғайра) дар навбати худ ба психологизм ва пантеоретизм (муболиға кардани аҳамияти назария дар қиёси амалия) барин каҷравиҳои методологӣ роҳ дода, дар ниҳояти кор бӯҳрони «фалсафаи илм»-ро бартараф карда натавонистанд.

Яке аз ҷараёнҳои бонуфузи фалсафиеро, ки дар асри 19 пайдо шуда, то замони мо омада расидааст, неотомизм ном аст. Фарқи неотомизм аз томизм асосан дар такомули бунёди назарии онтология, космология ва антропология барин қисматҳои фалсафаи католикӣ ифода меёбад. Дар айни замон неотомизм мисли томизм масъалаҳои фалсафии иҷтимоӣ ва илмӣ (табиатшииосӣ)-ро аз мавқеи назари идеализми объективӣ ҳал карда, бо материализм (хосса материализми диалектикӣ) муборизаи шадиди ғоявӣ мебарад.

Экзистенсиализм ҳам аз ҷараёнҳои бонуфузи фалсафаи асри 20 ба шумор меравад. Ин ҷараёни фалсафӣ, ки солҳои ҷанг алалхусус дар Франсия нашъунумӯ кард, як навъи фалсафаи иррасионалистӣ буда, вуҷуди инсон (ба истилоҳ экзнстенсия) ва зуҳуроти ҷудогонаи он (экзистенсиалҳо) — виҷдон, тарс, ташвиш, умед, азму ирода дар ҳолатҳои фавқулода (азобу машаққат, ҳарбу зарб, марг), инчунин тариқи ба озодӣ расидани шахсиятро мавзӯи тадқиқи худ қарор медиҳад. Экзистенсиалистон, бо вуҷуди ин ки баъзе масъалаҳои фалсафии зиндагониро дуруст ба миён гузоштаид (нисбат ба шароити маънавии Ғарб), дар муҳокима ва хулосаҳояшон ба каҷандешӣ роҳ доданд. Фалсафаи экзисгенсиалистӣ ба муҳити маънавии баъзе кишварҳои Шарқ (хосса мамлакатҳои араб) ҳам нуфуз кард, вале маъмул нагардид.

Аз ҷумлаи ҷараёнҳои навини фалсафа структурализм мавқеъ ва мақоми хос дорад; солҳои 60 дар Франсия ва сонитар дар баъзе мамлакатҳои дигари Еврона ва Америка густариш ёфт. Вай аввал (солҳои 20) ба сифати як равияи тадқиқотӣ дар илмҳои гуманитари (асосан этнография) шаел гирифта буд, вале бо мурури замои ҳарчӣ бештар таъбири фалсафӣ пайдо карда, охир ба як идеологияи пуриддао табдил ёфт.

Структуралистон дар тадқиқи маданияти қавмҳои аҳди қадим, эҷодиёти даҳонаки, забоншиносӣ ва дигар соҳаҳои фанҳои гуманитарӣ комёбиҳои назаррас ба даст оварданд. Вале вақте онҳо яке аз услубҳои конкретии тадқиқи илмӣ будани методи структуралистиро сарфи назар карда ва онро то дараҷаи методологияи фалсафӣ баланд бардошта, ба диалектикаи материалистӣ муқобил мегузоранд, бешубҳа, аз роҳи ҳақиқат мебароянд.

Аз соири ҷараёнҳои фалсафие, ки асрҳои 19-—20 сурат гирифтаанд, антропологпяи фалсафӣ, интуитивизму неофрейдизм, неореализм, прагматизм, персонализм, расионализми интиқодӣ ва фалсафаи ҳаёт низ каму беш нуфуз доранд.

Мақоми фалсафа (I): муносибаташ ба илму дониш. Аз замоне, ки табиатшиносӣ ба сифати илми дақиқ шакл гирифту дар бунёди ҷаҳонбинии одамӣ нуфузи калон пайдо кард, муносибати фалсафа ба илму дониш ба яке аз масъалаҳои муҳимми умумиметодологӣ табдил ёфт. Аз ҷумлаи суолҳое, ки дар адабиёти навини фалсафӣ мавриди муҳокима ва мулоҳиза қарор гирифтаанд, инҳо диққатҷалбкунандаанд: 1) Оё худи фалсафаро илм хондан мумкин аст? Агар илм бошад, пас вайро дар манзумаи донишҳои илмӣ чӣ ҷоесту чӣ мақоме? Агар илм набошад, пас ӯ ҳамчун як соҳаи мустақили фаъолияти маънавӣ ба илм чӣ муносибате дошта метавонад ё бояд дошта бошад?

2) Мавзӯи таҳлилу таркиби фалсафӣ иборат аз чист: а) донишҳоест, ки илм андӯхтааст? б) ягон қисмат, ҷанба ё ҷиҳат ва ё томияти объёкти таҳқиқи илмист? в) ягон объекти хоссаест, ки худи фалсафа ихтироъ кардаасту тавассути олати махсуси тадқиқ меомӯзад? Илмнят аз сифатҳои ботинӣ ва муҳимми фалсафаи марксистист, зеро ӯ дарёфтани куллитарин қонунҳои инкишофи табиат, ҷамъият ва тафаккурро пешаи худ медонад, ки ҳамагон объективӣ буда, таҳқиқу тадқиқи беғаразонаи илмиро тақозо мекунанд. Барон таъин бояду шояди сарҳади фалсафа ва илмҳои конкретӣ пеш аз ҳама объекти тадқиқи фалсафаро муайян кардан бояд. Барои муайян ва мушаххас намудани тариқи гузориш ва ҳалли фалсафии масъала бошад, ду чиз — «объекти маърифат» ва «мавзӯи таҳқиқ»-ро аз ҳам фарқ кардан даркор аст. Дар он сурат метавон дид, ки олам мисли пештара объекти маърифати фалсафаи марксистист, вале мавзӯи таҳқиқоташ тағйир ёфтааст. Мавзӯи таҳқиқоти фалсафа бошад, ду ҷиҳат дорад — ҷаҳонбини ва гносеологи.

Аз назари ҷаҳонбинӣ фалсафа оламро ҳамчун як чизи муттаҳид, як маҷмӯи падидаҳо, ҳодисаҳо ва процессҳои ба ҳам алоқаманд ба қалам меорад. Аз ин ҷиҳат барои фалсафа ҳаминаш муҳим аст, ки оламро ҳамчун системаи материалии ягона, ҳамчун томияти қонунпазири ашё ва падидаҳо тасвиру таъбир кунад.

Аз назари гносеологӣ фалсафа оламро зимни муносибати мутақобили субъекту объект муоина мекунад. Аз ин ҷиҳат ҳамон рукнҳои фалсафаи марксистӣ, ки маърифатшавандагӣ ва бепоёнии оламро талқин мекунанд, аз оғоз ҳамчун роҳномаи гносеологӣ ба қалам оварда мешаванд ва дар чунин сирату сурат на фақат ба ашё ё падидаи алоҳида, балки ба худи олам (дар шакли том) низ баробар дахл доранд.

Аз назари марксистӣ хусусан ҳаминаш муҳим аст, ки аз ҳар ду ҷиҳат ҳам — ҷаҳонбинӣ ва гносеологӣ — олами воқеи худ ба сари худ не, балки дар муносибати ботиниаш ба инсон қаламдод мешавад, яъне аз худи оғоз зимни масъалаи асосии фалсафа муоина мегардад.

Таъини манбаъ ва сиришти дониши фалсафӣ низ хеле муҳим аст. Дар мавриди мазкур муайян кардан муҳим бувад, ки фалсафа мафҳумҳо ва қонунҳои худро дар кадом заминаи маънавӣ ё амалӣ ҳосил мекунад. Дар охири асри 19 Ф. Энгелс марги маънавии натурфалсафа ва умуман фалсафаи куҳанро ба қайд гирифта таъкид мекард» ки минбаъд фалсафа бояд фақат ба донишҳои илмӣ такя намояд ва бикӯшад, ки натиҷаи маърифаташ мисли донишҳои назарии илмӣ боэътимод ва боэътибор бошанд. Дар айни замон бадеҳист, ки фалсафа доираи назар ва фаҳмиши худро бо чаҳорчӯби донишҳои андӯхтан илмҳои конкретӣ маҳдуд карда наметавонад, вагарна вай як чизи нолозим мебуд; мафҳум ва қонунҳои фанҳои мазкур барои фалсафа фақат нуктаи истинод ва манбаи илҳом аст: фалсафа дар заминаи ҷамъбаст ва хулосаи интиқодии маълумоту мафҳумҳои илми муосир ба ҳалли мавзӯъ ва вазифаҳои худӣ мепардозад ва зимни ин ба хулоса ва натиҷаҳое меояд. ки барои ҳар ду тараф ҳам муфиданд.

Пас, тараққӣ кардани фалсафа зимни баҳра бардоштан аз комёбиҳон илмӣ ва мусоидат намуданн ӯ ба инкишофи дониши одамӣ — ду ҷиҳати аз ҳам ҷудонашаванда ва ба ҳам вобастаи як процесс мебошанд.

Мақоми фалсафа (II): муносибаташ ба ҷаҳонбинӣ ва идеологияи ҷамъиятн. Чун сухан аз фалсафа меравад, онро яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ донистан кам аст. Фалсафа аз худи оғози паидоишаш сар карда дар мақоми ҷаҳонбинии хоси одамӣ буд. К. Маркс фалсафаро беҳуда «ҷавҳари маънавии аҳди худаш» ном надодааст. Маҳз фалсафа аст, ки ба сони маркази доира тамоюлҳои асосии тафаккурро ба худ кашида, дар навбати худ ҳодии маърифат буда метавонад (Аз ин маънӣ фалсафаро маданияти тафаккур хондан ҳам ҷоиз бувад).

Дар адабиёти илми мазмун ва ҳаҷмн мантиқин се мафҳумн умумӣ — фалсафа, ҷафонбинӣ ва идеология дар ҷараёии муносибати мутақобилаашон ҳанӯз чандон аниқ муайян ва муқаррар нашудаанд. Фалсафа ҷаҳонбинист ва дар айни замон вазифаи муайяни идеологиро низ адо мекунад, ки ҳамчун иқдоми илмӣ муаррифӣ мешавад. (Марксизм-ленинизм бошад, дар айни замои ҳам илм, ҳам ҷаҳонбшгии илмӣ ва ҳам идеологияи синфи коргар хонда мешавад). Лекин бадеҳист, ки аз ҷиҳати мазмуну муядариҷа мафҳумҳои ҷаҳонбинӣ ва идеология аз мафҳумн фалсафа дида васеътаранд. Аз ҷумла ҳама гуна фалсафаро ҷаҳонбинӣ хондаи мумкин аст, вале ҳама гуна ҷаҳонбинӣ фалсафа нест ва буда ҳам наметавонад. Аз сӯи дигар, ҷаҳонбиниро ҷамъбасту хулосаи фалсафии натиҷаҳои як худи илм ҳисоб кардан ҳам мумкин нест. Аввал ин ки ҷаҳоибинӣ фақат як тарафи ҷудогонаи фаъолиятн одамӣ (аз ҷумла таҳқиқоти илмӣ)-ро не, балки ҳамаи соҳаҳо ва ҷабҳаҳои инсонро ҷамъбасту ҳулоса мекунад. Дигар ки онро системаи донишҳо шуморидаи нашояд; ҷаҳонбинӣ системаи эътиқодҳост, ки онҳо зотан илмӣ, динӣ ва ё маънавӣ буда

метавонанд. Ва аз ин ҷиҳат фалсафа ягонагии шуури ҷамъиятӣ ва фардист, ки ба ҳам робитаи мутақобила доранд. Фалсафа бошад, чунон ки Энгслс Фармуда, «ҷаҳонбинии умумиест, ки бар пояи фаҳмиши муайяни талосуби материя ва рӯҳ қарор гирифтааст. (Маркс К. и Элгелс Ф., Сочинение, том 21, саҳифаи 286). Энгёлс ин ё он ҳалли масъалаи асосии фалсафаро дар назар дорад, ки материалистӣ ё идеалистӣ буда метавонад.

Дар зимни ин ду ҷиҳати хоси ҷаҳонбинии диалектикии материалистиро қайд кардан бояд. Аввалан, вай чунон як ҷаҳонбинии умумист, ки бар хилофи дигар навъҳои ҷаҳонбинӣ назарӣ собитшаванда бувад, яъне бунёди мустаҳками илмӣ дорад. Сониян, арзёбӣ аз хусусиятҳои муҳимми ӯст: фалсафаи диалектикии материалистӣ ба ҳар гуна дониш, аҳкоми этикӣ (ахлоқи ҷамъиятӣ), меъёри эстетикӣ, нормаҳои ҳуқуқ ва ғайра назари худро дорад, ба онҳо пешакӣ баҳои интиқодӣ надода, онҳоро аввал бо таҷрибаи иҷтимоию мадании гузашта ва ҳозира қиёс накарда, қабул намекунад.

Марксизм-ленинизм ҳамчун ҷаҳонбинии илмӣ бунёди назарии идеологияи илмиро ташкил медиҳад. Бунёди методологии ҷаҳонбинии илмиро бошад, матернализми диалектики ва таърихӣ ташкил медиҳад. Неруи назарӣ ва жарфии илмии фалсафаи марксистӣ аз принсипи партиявият бармеояд, ки дар пайвастагии ботинӣ бо илмият қутбнамо ва маҳаки аслии ӯст. Ваҳдати назария ва амалия ҳам аз омилҳои умда ва муҳимми пойдорӣ ва ҳаққонияти объективии фалсафаи диалектикни материалпстӣ буда, дар ашш эамон ба такомулу тараққии категорналӣ ва методии он мадад мерасонад.

Нигаред низ: Марксизм-ленинизм, Диалектика, Материализми диалектикӣ, Материализми таърихӣ, Назарияи маърифат, Сосиология, Этика, Эстетика.

Адабиёт: Маркс К., Тезисҳо дар бораи Фейербах. Асарҳои мунтахаб, ҷилди 2, Душанбе, 1965; Э нгелс Ф. Анти-Дюринг, Душанбе, 1976; ҳамон муаллиф, Людвиг Фейербах ва хотима ёфтани философияи классикии немис, Асарҳои, мунтахаб, ҷилди 2, Душанбе, 1965; Маркс К. Қашшоқии фалсафа, Душанбе, 1983; Ленин В. И.. Материализм ва эмпириокритисизм, Асарҳо, ҷилди 14; ҳамон муаллиф, дафтарҳои философӣ, асарҳо, ҷилди 38; ҳ амон муаллиф, Дар бораи аҳамияти материализми ҷанговар, Асарҳо, ҷилди 33; Риккерт Г., О понятии философии, «Логос», книга 1, 1910; Гуссерл Э.. Философии как строгая наука, «Логос», 1911, книга 1; Кедров Б. М.. Единство диалектики, логики и теории познания, Москва, 1963; Копнин П. В., Диалектика, логика, наука, Москва, 1973; Ойзерман Т. И., Главные философские направления, Москва, 1971; Богомолов А. С., Ойзерман Т. И., Основы теории историко-философского просесса, Москва, 1983; Бабушкин В. У., О природе философского знания, Москва 1978; Брутян Г. А., Очерки по анализу философского знания, Ереван 1979;

А. Турсунов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …