Маълумоти охирин

ФАЛҒАР

ФАЛҒАР, як ноҳияи болооби Зарафшонро гӯянд. Он дар ҳуҷҷатҳои суғдӣ ба номи Парғар дучор мешавад, ки маънояш кӯҳистон аст. Тақрибан аз асри 17 ин ҷониб Паргар бо номи Фалғар ёд мешавад. Мувофиқи маълумотҳо сарҳади ғарбии Фалғар то Дашти қозӣ тӯл мекашид. Дар шимолу шарқ деҳаҳои Шамтич ва Дарғ Фалғарро аз Мастчоҳ ҷудо мекарданд. Ҳудуди он дар шимол то ағбаи Шаҳристон, дар ҷануб то ағбаи Анзоб кашол меёфт. Бозёфтҳои бостонй шаҳодат медиҳанд, ки дар Фалғар дар асрҳои 5—4 пеш аз мелод деҳаҳои бисёр (Реват, Урметан, Вашан, Дардар, Искодар, Варз, Зосун, Рарз, Дижик, Анзоб, ва ғайра) ба вуҷуд омада буданд. Дар аввали милод яке аз ноҳияҳои мутараққии вилоят Буттамон ҳисоб мешуд ва маркази он деҳаҳои Мадм ва Кум буданд. Бостоншиносон дар деҳаҳои Мадм ва Кум кӯшку қасрҳои боҳашаматеро кашф карданд, ки ба аввали асри 13 мансубанд.

location_of_ayni_district_in_tajikistan

Фалғар дар аҳди шоҳ Деваштич ба вилояти Панҷ (Панҷакат) ҳамроҳ шуда, маркази шӯриши шадиди зидди арабҳо (солҳои 721—722) гардид. Фалғар дар замони Сомониён яке аз ноҳияҳои истаравшан буд. Фалғар дар аҳди Қарохониён ва Темуриён тобеи вилояти Самарқанд шуд ва ба тумани Шавдор мансуб буд. Асрҳои 16—19 мирии алоҳидаро ташкил медод. Авв. а. 19 ба аморати Бухоро ҳамроҳ шуд. С. 1870 тавассути экспедисияи ҳарбии Искандаркӯл забт гардид ва дар ҳайати волости Панҷакент ба Россия ҳамроҳ карда шуд.

Адабиёт: Волин С., К вопросу о замке на горе Муг, Труды таджикской базы, IX. история, язык, литература, «Изд. Академии Наук СССР», М.— Л., 1940; Мухтаров А., Эпиграфическис памятники кухистана, Душанбе, 1978. Ю. Ёқубов.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …