Маълумоти охирин

ФАҚР

ФАҚР (арабӣ — фақирӣ, бенавоӣ, нодорӣ), дар тасаввуф яке аз зинаҳои такомули рӯҳиро гӯянд, ки дар он солик аз ҳамаи ашёи моддӣ ва маънавӣ даст кашида, роҳи маърифати ҳақро пеша кунад. Аз се марҳила иборат аст: дар марҳилаи аввал сӯфӣ ба он чи дорад, қаноат мекунад; дар марҳилаи баъдӣ ӯ бояд дар худ ҳисси танаффур ба молу амволи дунё парварад; марҳилаи сеюм дараҷаест, ки барои ӯ дороиву фақирӣ фарқ надорад. Ба ибораи дигар, дар мақоми фақр сӯфӣ на фақат аз ашёи моддӣ даст кашад, балки қалби ӯ низ бояд тиҳӣ бошад ва аз ҳар фикру майле, ки аз роҳи расидан ба маърифати ҳақ мунҳариф месозад, барканор шавад. Ба ақидаи аҳли тасаввуф ибораи «алфақру фахрӣ» (фақирӣ ифтихори ман аст), ки дар Қуръон ба Муҳаммдд нисбат дода шудааст, аз сифатҳои сӯфӣ мебошад.
Аз назари таърихӣ дар асрҳои 8—10 сӯфиёне ба вуҷуд омаданд, ки фақирӣ ва дарвеширо ихтиёр намуда буданд. Абдурраҳмони Ҷомӣ дар «Нафаҳот-ул-унс» дар боби фақр овардааст.: «фуқаро он тоифаанд, ки молики ҳеҷ чиз аз амволи дунё набошанд ва дар талаби фазлу ризвони илоҳӣ тарки ҳама карда бошанд… ва убур аз мақоми фақр аз ҷумлаи шароит ва лавозим аст». Муҳаққиқи асрҳои миёнаи тасаввуф Абунасри Сарроҷ фуқароро ба муқаррибин ва садиқин ҷудо намудааст.
Фақр яке аз мақомоти маърифати тасаввуфи буда, ҳеҷ гуна моҳияту мазмуни илмӣ надорад.
М. Ҳазратҳулов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …