Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФАҲМИИ БУХОРОӢ Ҳаким Маҷдуддин

ФАҲМИИ БУХОРОӢ Ҳаким Маҷдуддин

ФАҲМИИ БУХОРОӢ Ҳаким Маҷдуддин (соли тавот ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 12). Таҳсили илм накарда буд, саводи хат надошт, «аммо кас ангушт бар ҳарфи ӯ натавонист ниҳод… фамо роияти шеър аз авҷи шеърӣ даргузашт, ҷумла маонии ӯ бикр буд» (Авфӣ, «Лубоб-ул-албоб»). Бо шуарои давраш, аз ҷумла Сайдуддини Кофӣ, мушоират мекард. Намунаҳои осораш тавассути тазкираҳо боқист. Абёти зер аз ӯст:
Хар гаҳ рухи рангини ту аз кӯй барояд,
Фарёди дили хаста зи ҳар сӯй барояд.
Гӯёст занахдони ту, эй дилбару ҳар гоҳ
Чавгони ду зулфи ту бад-он гӯй барояд…
3-он мӯи ту сад фитна ба ман рӯй ниҳодаст,
Чун дузд, ки аз ҷониби Омӯй барояд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …