Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФАДЕЕВ Людвиг Дмитриевич

ФАДЕЕВ Людвиг Дмитриевич

ФАДЕЕВ Людвиг Дмитриевич (таваллуд 23. 3. 1934, Ленинград), математик ва физики назариётчии советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1976). Аз соли1976 муовини директори Шӯъбаи ленинградии Институти математикаи Академияи Фанҳои СССР ба номи В. А. Стеклов.
Асарҳои Фадеев ба математика ва физикаи назариявӣ оиданд. У ҳалли масъалаи се ҷисмро дар механикаи квантӣ («Муодилаҳои Фадеев») ёфт, масъалаи баръакси назарияи пароканишро дар мавриди бисёрчена ҳал намуд (1966), квантонии майдонҳои гурӯҳҳои инвариантнокиашон беохирченаро бо ёрии интегриронии континуалӣ мураттаб сохт (1967; майдони Янг-Миллс, майдони ҷозибаи Эйнштейн), квантонии ҳалли заррамонанд (солитонҳо)-и муодилаҳои назарияв майдонро шарҳ дод.
Усулҳое, ки Фадеев инкишоф додааст, дар соҳаҳои гуногуни математика, механикаи квантӣ, назарияи зарраҳои элементарӣ истифода мешаванд. Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1971) ва Мукофоти Ҷамъияти америкоии физикӣ оид ба физикаи математикӣ (1975).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …