Главная / Гуногун / ФАДЕЕВ Александр Александрович

ФАДЕЕВ Александр Александрович

ФАДЕЕВ Александр Александрович (24. 12. 1901, Кимры, ҳоло вилояти Калинин—13. 5. 1956, Москва), нависандаи советии рус, ходими ҷамъияти. Аъзои КПСС аз соли 1918. Дар оилаи революсионерони касбӣ ба камол расид. Аз соли 1908 дар Шарқи Дур зистааст. Ҳангоми таҳсил дар Омузишгоҳи савдои Владивосток (1912—18) бо болшевикон шиносои пайдо кард. Дар Ҷанги гражданӣ (1918—20) ва пахш намудани исёни Кронштадт иштирок дошт. Ду бор захмдор шудааст. Дар Академияи куҳкории Москва таҳсил кард (1921—24). Солҳои 1924— 26 дар Краснодар ва Ростови Дон дар вазифаҳои партиявӣ буд. Асарҳояш аз соли 1923 нашр мешаванд. Соли 1924 повести ӯ «Тутён» ба табъ расид. Пас аз таълифи романи «Торумор» (1927; тарҷумаи тоҷикӣ 1949), ки аз ҷанги партизанӣ дар Шарқи Дур ҳикоят мекунад, Фадеев хеле шӯҳрат ёфт. Нависанда ба романтизм ва натурализми муҷаррад зид баромада, дар асар ҳаёти воқеиро тасвир намуд ва пеш аз ҳамд, ба таърихи камолоти маънавӣ ва ташаккули характери одамон аҳамият дод. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 —45) аз мубориааи қаҳрамононаи халқ як силсила очерку мақолаҳо, китоби «Ленинград дар рӯзҳои муҳосира»-ро (1944) таълиф намуд. Рӯҳи қаҳрамонӣ, ки дар эҷодиёти Фадеев мунтазам тақвият меёфт, дар романи «Гвардияи ҷавон» (1945, таҳрири дуюм—1951; Мукофоти давлатии СССР, 1946; филми ҳамном, 1948; тарҷумаи тоҷикӣ 1955—56) бо қувваи бештаре ба зуҳур омад. Асарҳои Фадеев ба забонҳои халқҳои СССР ва хориҷи тарҷума шудаанд. Фадеев ба инкишофи адабиётҳои миллии республикаҳои бародарӣ диққати зиёд медод. Ҳиссаи ӯ дар масъалаи таъини ҳуқуқи халқи тоҷик ба мероси бои адабииклассикӣ ва эътироф кардани ин ҳуқуқ дар доираҳои шаркшиносони европоӣ хеле калон аст. Фадеев солҳои зиёд дар роҳбарияти ташкилотҳои нависандагон буд; яке аз роҳбарони РАПП (1926-32), котиб (1939-44 ва 1954—56), Котиби генерали ва раиси Правленияи Иттифоқи Нависандагони СССР (1946—54). Ноиб-президенти Совети умумиҷаҳонии Сулҳ (аэ с. 1950). Аъэоп КМ КПСС (1939—56); дар Съезди 20-уми КПСС (1956) номзад ба аъзоии КМ КПСС интихоб шудааст. Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 2—4) ва Совети Олии РСФСР (даъвати 3). Бо 2 ордени Ленин ва медалҳо мукофотонида шудааст.
Осор: Собрание сочинение том 1—7, Москва, 1969—71.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САҚАНКӮР

САҚАНКӮР, нигаред Самандар.