Маълумоти охирин
Главная / Илм / ФАСИЯ дар геология

ФАСИЯ дар геология

ФАСИЯ (аз лотинӣ Fасiеs — рӯй, симо), дар геология, мафҳумест, ки дигаргуниҳои таркиби литологии ҷинсҳои кӯҳӣ ва боқимондаҳои органикии онҳоро дар ҳудуди як қабати стратиграфӣ ифода мекунад. Истилоҳи «Фасия»-ро геологи швейсарӣ А. Гресли дар илм ҷорӣ намуд (1835 —41) Мафҳуми Фасия дар литология ба ду маъно истифода мешавад: 1) Фасия ҷинси кӯҳист, ки дар шароити муайян пайдо мешавад; 2) Фасия шароити тахшинҳосилшавӣ (ҳозира ё қадимӣ), ки аз таҳшин ё ҷинс иборат аст. Ин ҳар ду маънои Фасия ба ҳам хеле наздик буда, якдигарро пурра мекунанд.
Аксар вақт мафҳуми Фасия шароитҳоеро, ки дар марҳилаҳои гуногунн ҷараёни таҳшиншавӣ — литогенеа ҷой доранд, ифода менамояд; масалан, ҳангоми тадқиқи марҳилаи фарсоиш мафҳуми «Фасияи қишри фарсоиш», мавриди омӯхтани марҳилаи ба ҷинс табдил ёфтани таҳшинҳо «Фасияи диагенез» ва ҳангоми омӯхтани тағйироти минбаъдаи ҷинсҳои таҳшинии кайҳо ташаккулёфта ‘ мафҳуми «Фасияи эпигенез» кор фармуда мешавад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …