Маълумоти охирин

ФАБУЛА

ФАБУЛА (аз лотинӣ fabulа — ривоят, ҳикоят), нақли пай дар паи воқеаҳое, ки дар асарҳои эпикӣ, лирикию эпикӣ ва гоҳо драмавӣ тасвир меёбанд. Дар адабиёти атиқа (Юнони Қадим) аввалҳо жанри хурдтарини ривоятию асотириро фабула мегуфтанд. Баъдтар баёни асарҳои саҳнавӣ фабула ном гирифт. Аксари муҳаққиқон фабуларо бо сюжет алоқаманд шуморидаанд.

booksБаъзеҳо ин ду чизро муродифи якдигар пиндоштаанд. Дар асл сюжети асари бадеӣ аз ҷиҳати замону макон бо фабула мувофиқат намекунад. Масалан, сюжети романи «Дохунда»-и Айнӣ аз тасвири ба Дараи Ниҳон гурехтани Ёдгор оғоз ёфтааст, лекин фабулаи ин асар аз тасвири зиндагии осудаҳолонаи падари Ёдгор — Бозор ибтидо мегирад. Фабула дар байни композисия ва сюжети асари бадеӣ як василае буда, барои пай дар пай инкишоф ёфтани воқеаҳо ва дарки мароми эҷодии нависанда мадад мерасонад. С. Табаров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …