«ФАРҲАНГИ РУСӢ БА ФОРСӢ» («Фарҳангн русӣ ба форӣ (ин калимаҳои умумилстеъмолӣ аз рӯи лаҳҷаҳои вилояти Туркистон»), луғати дузабонаест, ки соли 1889 В. П. Наливкин таълиф кардааст. «Фарҳанги русӣ ба форсӣ» тақрибан 12 ҳазор калимаро дар бар мегирад. Дар он пас аз калимаи русӣ муродифҳои (адабии калимаҳо, мисолҳои русӣ бо тарҷумаи муносиби тоҷикӣ, мисолҳо аз назму насри форс-тоҷик ва калимаҳои гуфтугӯии тоҷикӣ оварда шудаанд. Дар «Фарҳанги русӣ ба форсӣ» аз таркибу ибораҳои русӣ бо тарҷумаи тоҷикиашон аз назм (асосан осори Саъдӣ ва Ҳофиз) ва наср (махсусан «Таърихи Шоҳрухия» ва «Зафарномаи Темурӣ») мисолҳо оварда шудаанд. Хусусиятҳои луғавӣ ва грамматикии забони адабӣ ва гуфтугӯии тоҷикӣ дар « Фарҳанги русӣ ба форсӣ» хеле хуб таҷассум ёфтааст.
В. Капранов.
Tags Луғат
Инчунин кобед
САФИНА
САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …