Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «ФАРҲАНГИ РАШИДӢ»

«ФАРҲАНГИ РАШИДӢ»

«ФАРҲАНГИ РАШИДӢ» фарҳанги тафсирист, ки солҳои 1653— 54 аз тарафи Абдуррашид ибни Сайид Абдулғафури Таттавӣ таълиф шудааст. Аз муқаддима, 24 боб ва хотима иборат аст, вале то ҳол хотимааш ба даст нарасидааст. Дар муқаддима муаллиф доир ба қоидаҳои забон, тағйироти фонетикӣ, суффиксҳон калимасоз ва дигар масъалаҳои забоншиносӣ маълумот додааст. «Фарҳанги Рашидӣ» зиёда аз 9 ҳазор калима ва ибораро дар бар гирифта, аз рӯи ҳарфи аввал (боб) ва дуюм (фасл) тартиб дода шудааст. Ба ҷуз ин тартиби дигар ҳарфҳои калима то андозае риоя карда мешавад. Баъди тафсири калима барои тасдиқи фикри худ аз шоирон далелҳо меорад. Ибораҳои идиоматикӣ фразеологӣ ва маҷозӣ дар қисми «истиорот» омадаанд. «Фарҳанги Рашидӣ» солҳои 1872—76 дар Ҳиндустон ва соли 1958 дар Эрон ба табъ расидааст. Ҳ. Аҳадов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …