Главная / Маданият ва санъат / «ФАРХАНГИ ПАҲЛАВӢ»

«ФАРХАНГИ ПАҲЛАВӢ»

«ФАРХАНГИ ПАҲЛАВӢ» (дар транскрипсияп паҳлавӣ «Ғгаhанg-i раhlavik», номи дигараш — «Мана худа» — «Мана кhоdа» аз нахустин калимаи асар гирифта шудааст), фарҳанги тафсирии забони форсии миёна (паҳлавӣ), яке аз осори лексикографии паҳлавӣ мебошад, ки тафсири ҳузворишҳоро дар бар мегирад. Соли таълиф ва муаллифи он маълум нест. «Фарҳанги паҳлавӣ» бо ҳуруфи паҳлавӣ навишта шуда, 1300 калимаро дар бар мегирад. Дар он калимаҳо аз ҷиҳати мавзуъ ба 31 боб ҷудо шудаанд. Ин тарзи ҷобаҷогузории калимот барои омӯзиш ва аз бар кардани калимаҳо шакли мақбул буд. Дар бобҳои 1—17, 27—28,30—31 калимаву истилоҳот дар маваӯъҳои гуногун, аз қабили эзидон ва аҷроми кайҳонӣ, гетӣ, об, зироату меваҷот, нону бода, рустаниҳо, ҳаавоноти хонагӣ ва ширу равғани онҳо, паррандагон, дадон, (ҳайвоноти ваҳшӣ) узвҳои бадан, табақоти иҷтимоӣ, истилоҳоти ҷанг ва асппарварӣ, пулу мол, тилло, нуқра ва дороӣ, дабирӣ, истилоҳоти солшуморӣ ва ғайра тафсир шудаанд. Дар бобҳои 18—23, 24—26, 29 аз ҳиссаҳои нутқ (феъл, ҷонишин, калимаҳои ёридиҳанда, сифат ва шумораҳо) сухан меравад. Кадимтарин нусхаи дастнависи «Фарҳанги паҳлавӣ» ба асри 14 дахл дорад. То асри 19 ин асар дар ҷомеаи зардуштиёни Эрону Ҳиндустон борҳо китобат шудааст. Нахустин бор «Фарҳанги паҳлавӣ»-ро соли 1771 Алкетил Дюперрон ба табъ расонид. Алвалин нашри интиқодии «Фарҳанги паҳлавӣ»-ро олими ҳинду Дастур Ҳутангҷӣ Ҷомоспҷӣ Аса на олимӣ пемис Мартин Ҳауг соли 1870 анҷом доданд. Олими пемис Ҳайнрих Юнкер соли 1912 ин асарро бо муқаддимаи муфассале нашр кард. Ба ақидаи ӯ дар оғоз «Фарҳанги паҳлавӣ» шакли соддатар дошт, яъне он танҳо аз калимаи шарҳшаванда — ҳузвориш ба таъбири Ҳ. Юнкер «ҳетерограмма» ва шарҳдиҳанда — тарҷума (Ҳ. Юнкер «этеограмма» номидааст) иборат будааст. Дар нусхаҳое, ки баъди ислом китобат шудаанд (баъди забони паҳлавиро тарк намудани зардуштиён), «этеограмма» бо трапскрипсияаш ба ҳуруфи авестоӣ ва позанди омадааст. Дар давраи сеюми инкишофи матни «Фарҳанги паҳлавӣ» дар баробари «этеограмма» ва транскрипсияи он калимаҳо ба забони форсӣ (ба хатти арабӣ) ва гуҷаротӣ (ба хатти ҳиндӣ) тарҷума ва тафсир шудаанд. Нашри пурра ва тасҳеҳшудаи «Фарҳанги паҳлавӣ» (бо иловаи ҳузворишҳои дигари паҳлавӣ) ба қалами олими эронӣ Муҳаммад Ҷавод Машкур тааллуқ дорад («Фарҳанги ҳузвориш», Теҳрон, 1968). Дар асоси «Фарҳанги паҳлавӣ» олими тоҷик — Р. X. Додхудоев «Луғати ҳетерограммаҳои паҳлавӣ»-ро (Душанбе, 1969) тартиб додааст.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

books

САФАРНОМА

САФАРНОМА, як ҷузъи адабиёти илмии оммавӣ, илмии фантастикӣ, бадеии психологӣ, саргуааштӣ, ҳуҷҷатӣ, ки сюжеташ ба …