Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «ФАРҲАНГИ ОСОРИ ҶОМӢ»

«ФАРҲАНГИ ОСОРИ ҶОМӢ»

«ФАРҲАНГИ ОСОРИ ҶОМӢ», аввалин луғати тафсирии муаллифиест (фарҳалги марбути осори як шоир ё нависанда), ки мувофиқи принсипҳои навини лексикографияи имрӯза таълиф шуда, ҷиҳатҳои муҳимми эҷодиёт ва захираи бои луғавии забони осори Ҷомиро шарҳу эзоҳ медиҳад. Таълифи Амон Нуров. «Фарҳанги осори Ҷомӣ» аз ду ҷилд (ҷилди 1, 1983; ҷилди 2, 1984) иборат буда, бештар аз 15 ҳазор калимаву ибораро фаро гирифтааст.
Лексикаи азоҳшавандаи «Фарҳанги осори Ҷомӣ» ро калимаҳои умумихалқӣ, луғату ибораҳои душворфаҳми маҷозӣ, киноявӣ, истиоравӣ, идиоматикӣ, фразеолоти, истилоҳоти таърихӣ, ҷуррофӣ ва дигар соҳаҳои илм, инчунин зарбулмасалу мақолҳо, муаммоҳо, номҳои ашхоси таърихӣ ва ғайра ташкил медиҳаид. Фарҳанг на танҳо барои хонда фаҳмидани осори суханвари бузург Абдурраҳмони Ҷомӣ, дарк кардави ҷаҳони маънавӣ ва эстетикии эҷодиёти серпаҳлуи ӯ ёрӣ мерасонад, балки барои омӯхтани таърихи адабиёти бадеӣ, забон ва воситаҳои гуногуни тасвир, ҷиҳатҳои мухталифи вазн ва қофияи шеъри адабиёти классикӣ, санъатҳои ба худ хоси сухани бадеӣ, услуби фардии шоир ва нависандаи алоҳида ҳарҷониба мавриди истифода қарор мегирад. Дар «Фарҳанги осори Ҷомӣ» бештар маъно ва тобишҳои хоси калимаву ибораҳои эҷодиёти шоир тафсир шудаанд, ки одатан дар фарҳангҳон умуми пурра роҳ намеёбанд.
Дар паҳлуи калимаҳо мансубияти онҳо ба ягон забон бо ихтисораҳои а.— араби, т.— туркӣ ва ҳ.— ҳиндӣ, инчунин шакли навишти араби онҳо омадааст. Дар охири ҷилди 2 феҳристи калимаҳо ба алифбои арабиасоси тоҷикӣ (бо ишораи ҷилд ва саҳифаи китоб) оварда шудааст. Ҳ. Раҳимов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …