Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «ФАРХАНГИ ҶАҲОНГИРӢ»

«ФАРХАНГИ ҶАҲОНГИРӢ»

«ФАРХАНГИ ҶАҲОНГИРӢ» фарҳанги тафсирист, ки Мир Ҷамолуддини Ҳусейни Инҷуи Шерозӣ соли 1608 таълиф кардааст. Муаллиф аз фарҳангҳои пешина истифода бурда, бештар аз 7 ҳазора калимаро шарҳ медиҳад. Луғат мувофиқи ахбори муаллиф аз рӯи ҳарфи дуюми калимаҳо тартиб ёфтааст:
Тартиби китоби ман чунин аст:
Абёти луғотро ту донӣ,
Аз фасл бигир ҳарфи аввал
В-аз боб бигир ҳарфи сонӣ.
Масалан барои аз фарҳанг ёфтани калимаи «чакна» аввал боби «коф»-ро дида, пас фасли «ч»-ро пайдо бояд кард. Аз ин ҷиҳат он аз дигар фарҳангҳо фарқ мекунад. «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» барои омӯхтани илкишофи лексикография, масъалаҳои грамматика ва таърихи забони тоҷик аҳамияти калон дорад. «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» дар ду ҷилд ҷоии литографӣ шудааст (Лакҳнав, 1875). Бори дигар ба саъйи Раҳими Афифи соли 1975 дар Машҳад чоп шуд, ки дар охири ҷилд 2 феҳристи алифбои ин луғат илова шудааст.
X. Рауфов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …