Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФАХРУДДИНИ ГУРГОНӢ Асад

ФАХРУДДИНИ ГУРГОНӢ Асад

ФАХРУДДИНИ ГУРГОНӢ Асад (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 11). Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш, таҳсили илм, воқеоти давраи ҷавонӣ ва камолоташро тазкиранависон наовардаанд. Аз ашъораш бармеояд, ки ӯ илмҳои замонашро хуб омӯхта буд, аз адабиёти форс-тоҷик, адабиёти араб вуқуфи комил дошт ва бо забони паҳлавӣ низ шинос буд. Фаъолияти эҷодиаш дар хидмати дарбори ҳукмрони зодгоҳаш шурӯъ шуд. Вале дар ин ҷо бо сабаби душмании ҳасудон ва бемеҳрии ҳоким кораш барор нагирифт. Шоир маҷбур шуд, ки ба ҷустуҷӯи мамдӯҳи нав роҳи дарбори салҷуқиёнро пеш бигирад. Дар шаҳри Марв ба силки шуарои Туғралбек (ҳукмрони 1040— 63) дохил шуд. Дар базмҳо, сафарҳои ҳарбии Туғралбек ширкат мёкард. Фахруддини Гургонӣ тақрибан то соли 1063 дар қайди ҳаёт будааст.
Аз осори Фахруддини Гургонӣ порчаҳои қасоид ба абёти пароканда ба воситаи тазкираҳо, инчунин достоли «Вис ва Ромин» то замони мо боқӣ мондаанд. Хусусияти асосии ашъори Фахруддини Гургонӣ пурқувват будани ҷанбаи ҳаҷвии онҳост. Масалан, Авфӣ дар «Лубоб-ул-албоб» порчаеро аз як қасидаи шоир овардааст, ки дар он ҳокими Гургон барои қадрношиносиаш мазаммат карда шудааст:
Бисёр шеър гуфтаму хондам ба рӯзгор.
Як-як ба ҷаҳд бар сиққатулмулки шаҳриёр.
Шохи тар аз умед бикиштам ба хидматаш,
Он шох хушк гашту наёвард ҳеҷ бор.
Даъвои шеър карду надонист шоирӣ
В-он гаҳ кард низ ба нодонӣ ифтихор,
3-ӯ говтар надидаму нашнидам одаме,
Дар давлаташ аҷаб ғалате кард рӯзгор.
Умеди ман дареғ бад-он хомқатлабон,
Ашъори ман дареғ бад-он русапитабор.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …