Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «ФАРҲАНГИ ФОРСӢ»

«ФАРҲАНГИ ФОРСӢ»

«ФАРҲАНГИ ФОРСӢ» луғати шашҷилдаи тафсирӣ, ки Муҳаммад Муин солҳои 1963—73 (дар 6 ҷилд) таълиф кардааст. «Фарҳанги форсӣ» асосан аз луғоти адабӣ ва гоҳо гуфтугӯии забони ҳозираи форсӣ иборат аст. Се ҷилди аввалаш калимаҳо, феълҳои таркибӣ ва ибораҳои фразеологиро дар бар мегирад. Дар охири ҷилди 3 таркиботи забонзад ё ҳикматомези хориҷӣ (асосан арабӣ) низ ба назар мерасад. Дар дигар ҷилдҳо давоми таркиботи хориҷӣ ва исмҳои хос ва номҳои гуногунн оварда шудаанд. Дар охири ҷилди 5 тарҷумаи ҳоли муаллиф дарҷ гардидааст. Дар радифи калимаву ибораҳо транскрипсияи лотинии онҳо навишта шудааст. Ибораҳо ва феълҳои таркибӣ алоҳида-алоҳида аа рӯи алифбо ҷо гирифтаанд. Дар назди ҳар як калима аломатҳо (аз кадом забон) ва нишонаҳои грамматикӣ (исм, сифит, масдар ва ғайра) муқаррар шудаанд. Номи лотинии наботот дар поварақ ишора гардидааст. «Фарҳанги форсӣ»тасвироти зиёди рангаву оддӣ дорад. «Фарҳанги форсӣ» дар назари на амалияи илми луғат дастоварди беназир буда, барои омӯхтани таърих ва маданияти халқҳои Эрон ва Осиёи Миёна аҳамияти калон дорад. В. Капранов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …