Маълумоти охирин
Главная / Биология / ФАУНАИ ДАШТ

ФАУНАИ ДАШТ

fauna

ФАУНАИ ДАШТ, ҷамеи ҳайвонотеро гуянд, ки дар дашт зиндагӣ мекунанд. Фаунаи даштҳои Евросиё ҳам аз рӯи таркиби намудҳои ҳайвонот ва ҳам аз рӯи баъзе хусусиятҳои умумии экологӣ бо фаунаи биёбон умумиятҳои бисёр дорад. Бино ба ақидаи баъзе олимон пайдоиш ва инкишофи фаунаи дашт ва фаунаи биёбон ба ҳамдигар зич вобастаанд. Фаунаи дашт дар натиҷаи фаъолияти инсон (масалан, кишт кардани даштҳо) бисёр дигаргун шуд. Ин ҳодиса махсусан дар Европа, ки бисёр ҷовварони даштӣ қариб пурра маҳв шудаанд, мушоҳида мешавад. Ба фаунаи дашт юрмон, суғур, кӯрмуш, тавушқон, хази даштӣ, дуғдоғ, ҷӯр, гург, рубоҳ, росу, қоқум ва ғайра мансубанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …