Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Эзоҳи харитаи этнографии Осиё оилаи ҳиндуевропоӣ

Эзоҳи харитаи этнографии Осиё оилаи ҳиндуевропоӣ

Эзоҳи харитаи этнографии Осиё оилаи ҳиндуевропоӣ

Гурухи хиндуориёнй

  1. Банголиҳо, 2. Ассомиҳо, 3. Ориён, 4. Бихорихо, 5. Хиндустониҳо, 6. Роҷистониҳо, 7. Панҷобиҳо, 8. Лахада, 9. Гуҷаротиҳо, Бхилҳо, 11. Непалиҳо (гуркҳҳо, кхасҳо, тхару), 12. Пахарихо. 13. Гучурхо, 14. Синдхо, 15. Маратххо, 16. Кашмирихо, 17. Кхо, шина, кӯхистониён, пашаи- хо. 18. Сингалхо, 19. Малди- вихо. 20. Веддахо.
  2. Гурӯҳи эронй
  3. Эрониқо. 22. Талипгхо, 23. Осетянхо, 24. Курдхо, 25. Лурхо, 26. Бахтнёрихо, 27. Тодикон, 28. Халқхон Помир, 29. Хаэорахо, 30. Чораймокхо, 31. Афгонхо (паштунХо), 32. Балучхо,

Нуристонихо (кофирхо).

  1. ГуРӮХ* славянй
  • Русхо, 35. Украинхо.
  1. Юионихо
  • Арманихо
  1. Яхудиёни Бягробиҷон
  2. ОИЛАИ КАВКАЗА 39. Гурдихо (ва лазхо), 40. Абхоэхо, 41. Адигейхо. чер­на с хо ва кабардахо, 42. Че- ченхо ва янгушхо, 43. Халц- хон кӯхистони Догистон.
  3. 44 Буришқо ОИЛАИ СОМИЮ хомя
  • Халкхоя араб
  • Ошуриҳо
  1. Яҳудиёни Исронл ОИЛАИ УРАЛЯ
  2. ГурӮХИ финй 48. Комихо.
  3. Гурӯхн угори
  4. Хантихо, 50. Мансихэ.
  • Гурӯхи Самодй
  1. Ненецхо (ва энецхо),
  2. Нганасанхо, 53. Селкуп- хо.

ОИЛАИ ОЛТОЙЯ

  • Гурухи турки
  1. Туркхо, 55. Оаарбойдо- нихо, 56. Қвшқанқо, 57. Аф- шорхо, 58. Туркманхо, 59. Кааоқдо, 60. Қиргиахо, 61. Уабекхо, 62. Иароқалпокхо, 63. Уйгурхо, 64. Солорхо, 65. Тоторхо, 66. Нӯғайхо, 67. Думикхо, 68. Балдархо. 69. Н&рочвйихо, 70. Бош- кирдхо. 71. Олтойихо, 72. Шордо, 73. Хакасхо, 74. Ту- вагихо, 75. Бкутхо, 76. *Дол- ганхо.
  • Гурӯқи нугу л*
  1. Халха-мурулхо, 78. Му- гулхои Хитой, 79. Бурятхо, 80. Ойротхо. 81. Тухо (мон- горхо), 82. дунеянхо, 83. Да- хуохо.
  2. Гурӯқи тунгусу манҷури
  3. Эвенкхо, 85. Эвенхо, 86. Нанайқо, 87. Улчхо, 88. Орочхо, 89. Удэгехо, 90. Орокхо, 91. Манчурхо, 92. Сибохо, 93. Орочонхо.
  • Кореягиқо
  • Япоиқо
  • Айихо
  • Эскимосхо 98. Алеутхо
  1. ХАЛҚҲОИ ПАЛЕООСИЕ
  2. Чукчихо, 100. Корякхо, 101. Ителмеяхо. 102. Юка- гирхо, 103. Нивххо.
  • Кетхо ОИЛАИ ХИТОИЮ ТИБЕТА
  • Гурӯхи хитон
  1. Хитонхо (хая), 106. Дутая хо (хуэйхо).
  • Гурухи Тибету бириагй
  1. Тибетихо, шерпхо, 108. Цявхо, 109. Халқхон Ҳимо- лой (ыевархо, канаурхо. ла- хулхо ва диг.), 110 Идаухо, 11>1. Ханихо, 112. Лисухо, 113. Насихо, 114. Лахухо, 115. Байдо.116. Бодохо, 117. Нагахо, 118. Качинхо (цзин­по), 119. Куки-чивхо, 120. Бирмагихо, 121. Каренхо ва каяхо.
  • Гурухи тайн
  1. Сиомхо (кхонтайхо).
  2. Лаохо, 124. Тайихои кӯ- хистон, 125. Шанхо, 126. Тайхо, 127. Чжуанхо, 128. Буйхо, 129. Дувхо, 130. Ли­хо.
  • Гурухи Мяо-Яо 131. Маохо (меоқо), Яо- Х9 (маньхо).
  • Вьетнамнхо
  • Гурухи мону кдмерй
  1. Кҳмерқо, 135. Кхмер- хои кӯхистон (банархо, се- данхо ва диг.), 136. Монхо (талаинхо), 137. Монхои кӯ- ҳистон, 138. Кхасдо, 139. Се- нойҳо ва семангқо, 140. Ни- кобарихо.
  • Гурӯҳн мунда
  1. Санталхо, 142. Мунда- хо, 143. Корку ва халкхоя дигари гурӯҳи мунда.
  • ОИЛАИ ДРАВПДЙ
  1. Тамилхо, 145, Телугу, 146. Каннарахо, 147. Мала- ялнхо, 148. Тулухо (ва ко-

дагухо), 149. Гондхо (ва каядххо), 150. Ораояхо. 151. Брагухо, 152. Маврхон Ланки.

ОИЛАИ АВСТРОНЕЗЯ (МАЛАЙЮ ПОЛИНЕЗЙ)

  • Гурӯқи илдояеай А. Индонсаихо
  1. Малайҳои Индонезия,
  2. Минангкабау хо, 155. Реҷанглебонгиҳо, Аче- ХО (ачинхо), 157. Гайодо ва аласхо, 158. Батакхо, 159. Ниасхо ва ментал&хо, 160. Кубу, ва лубухо. 161. Яаа- гихо, 162. Сундхо. 163. Ма- дурагихо, 164. Балигихо. 165. Даякхо, 166. Пунанхо, 167. Мияахасхо, 168. Гороя- талхо, 169. Торачхо, 170. Мандардо, 171. Бугхо (ва макассархо). 172. Бутунгхо.
  3. Индонеаихои ҷаз-ҳон Зонди Хурд ва Молукка.

Б. Филиппиняхо

  1. Тагалхо. ялокхо, бикол- хо ва халкхоя диг. Лусон.
  2. Висайяхо, 176. Йфугао- хо, набалойҳо, букиднонхо ва кабилахои диг. кӯднс- тояи Филиппин, 177. Аэта- ХО, Морохо.

В. Халкхоя диг. Индонезия

  1. Малайхои Малайзия.
  2. Тямқо, Тямҳои кӯқйотон (раглайхо, ча­ра йх о ва диг.), 182. Ҷа- кунхо, 183. Гаошанхо.
  • Андаыанихо
  • <85. Халмахерхоя шимоли

Пияй (1° 16′ а. ш.), дар Fарб— димоғап Баба (26° 10′ т. ш.). Бо вуҷуди он. ки қариб 8 миллион километр2 масоҳати Осиёро нимҷазираҳо (калонтаринашон: Ямал, Таймир, Чукот, Камчатка, Ко­рея, Ҳиндухитой бо нимҷазираи Малак­ка, Ҳиндустон, Арабистон, Осиёи Хурд) ишғол кардаанд, соҳилҳои қисми континентиаш нисбатан камтар каҷу килебанд. Дар ин қитъа баландтарин қуллаи дунё — Ҷомолукша (8848 метр, дар кӯҳҳои Ҳимолой), пастхамиҳои чуқуртарине, ки ба кӯл табдил ёфтаанд, кули Бай­кал (чуқуриаш то 1620 метр), баҳри Майит (сатҳи об — 395 метр, пасттарин ҷои рӯи Замин) ва пастхамиҳои хушк (пастхамии Турфон) воқеъ гаштаанд.

            Релеф. Тақрибан 75%-и сатҳи Осиё кӯҳу паҳнкӯҳ ва танҳо 25%-аш ҳамворӣ аст. Аз рӯи ҳисоби миёнаи баландӣ (950 метр) Осиё дар ҷаҳон баъди Антарк­тида ҷои 2-юмро мегирад. Кӯҳҳои баландтарин дар Осиёи Миёна ва Марказӣ воқеъ гаштаанд. Дар Тиёншон, Помир, Тибет паҳнкӯҳҳо то 4—4,5 ҳазор етр ва баъзе қаторкӯхҳо бештар аз 7 ҳазор метр баландӣ доранд, ҳол он ки дар ноҳияҳои боқимондаи Осиё баландии кӯҳҳо аз 4 ҳазор метр зиёд нест. Аксари кӯҳҳои Осиёро ба ду минтақаи калон ҷудо мекунанд.

Яке аз онҳо (самти умумиаш аз Шисол ба Ҷануби Ғарб) аз нимҷазираи Чукот cap шуда ба воситаи кӯҳсори Колима, қаторкӯҳҳои Ҷугҷуру Становой то кӯҳҳои Сибири Ҷанубӣ, кӯҳҳои Саян, Олтой ва баъд рӯ ба тарафи Ҷануб то кӯҳҳои Тиёншон ва Ҳисору Олой тӯл кашидааст. Минтақаи дуюмро дар кӯҳсорони Осиёи Хурд, Арман, Эрон, Помир, Ҳиндукуш, Қароқурум, Тибет ва Ҳимолой кӯҳҳое ташкил медиҳанд, ки давоми онҳо ба самти Ҷануб тоб хӯрда, то кӯҳҳои галаҷазираи Малай рафта расидаанд. Ин минтақа тамоми Осиёро аз Ғарб ба Шарқ ва Ҷанубу Шарқ бурида мегузарад. Аз Помир ба тарафи Шарқ як силсила қаторкӯҳҳо — Кунлун, Нанилан ва Синлин тӯл клшидаанд.

Дар байни ин силсилаи қаторкӯҳҳо ҳамвориҳои баландкӯҳ ва паҳнкӯҳҳои Осиёи Марказӣ ҷойгир шудаанд. Инчунин релефи қисми зиёди ноҳияҳои шимоли шарқии СССР (қатокӯҳҳои Верхоянск ва Черакий), нимҷазираи Камчатка, ҷазираи Сахалин, ҷазираҳои Япония ва Филлиппин кӯҳианд. Дар шарқи Осиё кӯҳҳои Манчжурияю Корея ва қаторкӯҳи Сихогэ-Алин воқеъ гаштаанд. Сар то сари ноҳияҳои Осиёи Шарқӣ ва Ҷануби Шарқӣ зонаи вулқонизми фаъол тӯл кашидааст. Дар Камчатка, ҷазираҳои Курил, ҷазираҳои Япония, Филип­пин, галаҷазираи Малай вулқонҳои амалкунанда мавҷуданд. Дар Кавказ, кӯҳсори Осиёи Хурд ва Арман, инчунин дар ноҳияҳои ҷудогонаи Осиёи Шар­қӣ вулқонҳое буданд, ки то ба қарибӣ (дар давраи антропоген низ) амал доштанд. Қуллаҳои машҳури Элбрус, Арарат, Дамованд, Пэктусан

(Байтаушан) ва ғайра аз қабили вулқонҳои хомӯшшудаанд. Масоҳати пуш- такӯҳҳои Осиё то ба садҳо ҳазор ва ҳатто миллион километр2 мерасад. Калонтари- ни онҳо: дар ҷануби ғарби Осиё— Сурияю Арабистон, дар нимҷазираи Ҳиндустон— Дайан, дар Сибир (шарқтари Ени­сей)— паҳнкӯҳи Сибири Миёна. Ҳамвории Сибири Ғарой, ки дар байни кӯҳҳои Урал ва паҳнкӯҳи Сиби­ри Миёна аз уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ ба самти Ҷануб ба чандин ҳазор километр тӯл кашидааст, ҳамвории аз ҳама калонтарини Осиё мебошад. Аз ҷануби он пастии Тӯрон cap мешавад. Дигар ҳамвориҳои калон дар ноҳияҳои наздибаҳрӣ (Сибири Шимолӣ, Янаю Индигирка, Колима) ё дар пастхамиҳои наздикӯҳӣ (Байнаннаҳрайн, Ҳинду Ганг) воқеъ гаштаанд. Дар ноҳияҳои дохилии Осиёи Миёна ва Марказӣ ҳамвориҳои байникӯҳӣ ва наздикӯҳӣ мавдуданд (Тарим, Ҷун- гария, Гоби, Сайдам, Фарғона ва ғайра).

            Сохти геологӣ ва сарватҳои зеризаминӣ. Осиё аз якчанд платформаҳои калони токембрий, ки аз охирҳои эраи протерозой инҷониб чиндор на­шудаанд, инчунин аз ноҳияҳои фарохи чиндоре, ки дар байни ин платформаҳо воқеъ гашта, қисман то қаъри баҳр кашол ёфтаанд, иборат аст. Платформаҳои калонтарини токембрий дар Шимол платформаи Си­бир, дар Шарқ платформаҳои Хитою Корея ва Хитои Ҷанубӣ, дар Ҷануб ва Ҷануби Ғарб платформаҳои Ҳиндустон ва нимҷазираи Арабистон мебошанд.

Таҳкурсии токембрий платформа­до, ки аз гранит, гнейс, варақсангҳои кристаллӣ таркиб ёфтаанд, бо таҳнишастҳои қариб беҷонашудаи палеозой, мезозой ва баъзан кайно­зой (масалан, дар вануби кӯҳҳои Ҳимолой) пӯшида шудаанд. Минтақаҳои чиндори палеозой поён ҷануби платформаи Сибир ва қисми зиёди Олтойи Муғул, Хангай ва Танну-Оларо дар бар гирифтаанд. Дар давраи девон як қатор пастхамиҳо ба вуҷуд омаданд, ки онҳо сонитар бо таҳнишастҳои континентии карбон ва перм пур шуданд (ҳавзаҳои Кузнеск ва Ми­нуса). Кӯҳҳои чиндори герсинӣ дар байни платформаҳои Европаи Шарқӣ ва Сибир, дар Қазоқистон, Салаир ва Олтойи Ҷанубӣ, дар Тиёншон, Муғулистон, Хитой (Кунлун, Наншал, Дунбэй) пайдо шуданд. Чиндоршавии сикли мезозой табақаҳои ғафси таҳнишастҳои перм, триас, юра ва табошири поёни Си­бири Шимоли Шарқӣ, Забайкалия. қаторкӯҳи Сихотэ-Алин ва Ҳиндухитойро фаро гирифта буд.

Ноҳияҳои чиндори алпӣ ба ду зо­на — алпу ҳимолой (Кавкази Ка­лон, Копетдоғ, кӯҳҳои Туркманистону Хуросон, Паропамиз, Ҳиндукуш, қаторкӯҳҳои Помир, Ҳисору Олой, қаторкӯҳҳои Анатолияи Ҷанубӣ, Эрон ва Балуҷистон, кӯҳҳои Ҳимолой, қаторкӯҳҳои Бирма ва ҷазираҳои Суматраю Ява) ва уқёнуси ороми (Камчатка, ҷазираҳоиои Курил, Сахалин Япония, ҷазираҳои Филиппин ва галаҷазираҳои Индонезия) тақсим мешаванд. Релефи ҳозираи Осиё дар нео­ген ва аввалҳои давраи чорумин асосан дар натиҷаи ҳаракатҳои амудии қишри Замин ташаккул ёфтааст.

Сарватҳои зеризаминии Осиё ниҳоят гуногунанд. Калонтарин конҳои ангиштсанги ҳавзаҳои Қараганда, Куз­неск, Минуса, Тунгуска, инчунин Хитои Щарқӣ ва нимҷазираи Ҳиндустон ба таҳнишастҳои палеозой алоқамандӣ доранд. Конҳои ангишти синни мезозой дар Осиёи Миёна, Хитой, Ветнам, Япония ва синни кайнозоӣ дар ҷазираи Сахалин, Япония мавҷу­данд.

Нисфи зиёди ҷазираи нефти олам дар Осиё мавҷуд аст ва ноҳияхои нефтдори Осиё инҳоянд: Закавказия, ҳамвории Сибири Ғарбӣ, Туркманистон, нимҷазираи Манқишлоқ, пастии Наздикаспий, Сахалин, дар хориҷа — соҳилҳои халиҷи Форс (Арабистони Саудӣ, Кувейт, Қатар, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб, Ироқ, Эрон), Хитой (ноҳияи Гансу), Ин­донезия (ҷазираи Суматра), Ҳиндустон. Бруней, Япония (ҷазираи Хонсю) ва ғайра. Конҳои гази сӯзанда: дар СССР- Туркманистон, Ӯзбекистон, ҳамвории Сибири Ғарбӣ, дар хориҷа — мамлакатҳои Шарқи Наздик ва Миёнаи дар боло номбаршуда. Ҷазираҳои калони намаки ош дар платформаи Сибир, пастии Наздикаспий, Осиёи Миёна, Покистон, Эрон ва конҳои маъдани оҳан дар Қазоқистон (вилояти Қусте­най), Сибир (ноҳияи Ангараю Илим, сипари Алдан), дар хориҷа- Хитой, Кореяи Шимолӣ, Ҳиндустон ёфт шудаанд. Дар Ҳиндустон ва СССР (Закавказия) конҳои калони манган ҳастанд.

Кони маъдани хром дар Қазоқистони Шимоли Гарбӣ, Тукия,. Филиппин, Эрон, никел дар Но­рилск, маъдани мис дар Қазоқистон (Ҷезқазған, Қӯнғирот ва ғайра), Сибири Шимолӣ, Япония, маъданҳои полиметаллӣ дар Осиёи Миёна (ноҳияҳои маъдандори Қаромазор, қаторкӯҳи Каратоғ ва ғайра), Олтойи маъдандор, Япония, Хитои Шарқӣ, Бирма, Вет­нам, конҳои боксит дар Қазоқистон,кишвари Красноярск Ҳиндустон. Бирма. Индонезия, фосфорит дар Қазоқистон, қалъагӣ дар Сибири Шарқӣ, Шарки Дур, тилло дар Сибири Шимоли Шарқӣ, Алдан, болооби дарёи Лена, атрофи дарёи Амур, қисми шимоли Қазоқистон, Ӯзбекистон, Корея, Япония, дар ҚИСМИ ғарбии Еқутистон конҳои алмос мавҷуданд. Минтақаи конҳои қалъагӣ аз Бирмаи Шарқӣ, Таиланд, нимҷазираи Малакка то ҷазираҳои Индоне­зия кашол ёфтааст.

Иқлими Осиё ниҳоят гуногун аст. Қисми шимолӣ Осиё дар минтақаи хунуки арктикӣ, қисми марказӣ дар минтақаи мӯътадил, нимҷазира ва ҷазираҳои қисми ҷануби дар минтақаи гарми экваторӣ воқеъ гаштаанд. Аз уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ ба дарунтарӣ Осиё ҳавои хунуки арктикӣ бе ҳеҷ мамониат дохил мешавад. Ҳавои сернами уқёнуси Атлантик то Осиё расида ба ҳавои континентӣ табдил меёбад. Вуруди муссонҳои тобистона аз уқёнусҳои Ҳинд ва Ором боиси боришоти зиёде ме­гардад.

Дар Осиё хелҳои зерини иқлим мушоҳида мешавад: биёбонии арктикӣ, субарктикӣ (тундра), континентн хушки зимистонаш хунук (Сибири Шарқӣ, Сибири Ғарбӣ), биёбонӣ (Осиёи Миёна, Қазокистон ва қисми шимоли Осиёи Марказӣ), муътадили муссонӣ (канораҳои шарқии Осиё), баҳ- римиёназаминӣ (канораҳои ғарбии Осиёи Пеш), субтропикӣ (қисми зиёди Осиёи Пеш, соҳили баҳри Сиёҳи Кав­каз) биёбонии баландкӯҳӣ (Помир, Қароқурум ва Тибет), субтроникии муссонӣ(канораҳои шарқии Осиё, биёбонҳои тропикии ноҳияҳои ҷануби Осиёи Пеш ва қисмҳои ҳамҳудуди Помпетони Ғарбӣ ва Ҳиқдустон), субэкваторӣ (Ҳиндустон, Ҳиндухитой, ноҳияҳои шарқин Ява ва ҷаз-ҳои Зонди Хурд), экваторӣ (ноҳияҳои дигари ҷазираҳои Зонда Калон ва нимҷазираи Ма­лакка).

Ҳарорати миёнаи январ дар қисми зиёди Сибир аз —20° Селсия пасттар; дар Верхоянску Оймакон, ки «қутби сармо» меноманд, ҳаво дар баъзе рӯзҳо то 70° Селсия хунук мешавад. Дар минтақаи тропикӣ зимистон 20°, 25° Селсия. Қад-қади соҳилҳои шимолии Осиё ҳарорати миёнаи июл аз 10° Селсия зиёд нест. Дар шимоли Осиё яхбандии доимӣ ҳукмфармост. Дар нишебиҳои шамолраси наздибаҳрии Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ боришоти солона зиёда аз 2—3 ҳазор миллиметр, дар баъзе ҷойхо то 6— 12 ҳазор миллиметр, дар соҳилҳои шамолпанаҳ камтар аз 1000 миллиметр. Дар Сибири Шарқӣ боришот аз 350 миллиметр ва дар биёбонҳои Осиёи Миёна ва Марказӣ аз 100—200 миллиметр камтар аст. Тирамоҳ дар уқёнуси Ором тӯфонҳои сахт рӯй дода, ба сӯи материки Осиё ҳаракат мекунанд ва аксар вақт боист харобиҳон мудҳиш мегарданд.

            Обҳои дохилӣ. Аксари кӯҳҳои Осиё пиряхҳо доранд. Махсусан Помир, Қароқурум, Тиёншон. Ҳимолой ва Ҳиндукуши Шарқӣ бо пиряхҳои азими худ машҳуранд. Ба уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ дарёҳои Об бо Иртиш, Ени­сей бо Ангара, Лена бо Алдану Ви­люй, Яна, Индигирка. Колима мерезанд. Ба уқёнуси Ором дарёҳои Анадырь, Амур бо Сунгари ва Уссури, Хуан­хэ, Янцзы, Спцзян, Меконг ва Ме­нам, ба уқ. Ҳинд бошад, д-ҳоп Са­луин, Иравади. Брахмапутра, Ганга ва Ҳинд, инчунин Шаттулараб, ки аз якшавии дарёҳои Даҷлаю Фурот ба вуҷуд омадааст ҷорӣ мешаванд. Дарёҳое, ки аз территорияи Осиё ба баҳрҳои Сиёҳ ва Миёназамин мерезанд, чандон калон нестанд. Ҳавзаҳои дарёҳои Ку­ра, Аму, Сир, Чу, Или, Ҳилманд, Та­рим дохилианд.

Кӯлҳои калонтарини Осиё баҳрҳои Кас­пий ва Араланд. Кӯлҳои Байкал, Ис- -сиқкӯл, Хубсугул, Зайсан, баҳри Майит ва ғайра дар пастхамиҳои тектоники ҷой гирифтаанд.. Як қатор кӯлҳо дар натиҷаи просессҳои карстӣ (кӯлҳои Таври Ғарбӣ), ҳаракати пиряхҳо (Телес) ё ки водии дарьёро банд кардани кӯхпораҳо (Сарез) хосил шудаанд. Аксари кӯлҳои шӯр дар пастхамиҳои сарбаста воқеъ гаштаанд (Туз, Ризоия, Кукунор ва ғайра). Бисёр ноҳияҳои Осиё чашмаҳои ми- нералӣ доранд. Ба туфайли сохта шудани ГЭС-ҳо дар Осиё обанборҳои калон ба вуҷуд омадаанд. Масалан, Братск (Ангара), Красноярск (Ени­сей), Новосибирск (Об), Бухтарма (Иртиш), Норак (Вахш), Қайроққум (Сир) ва ғайра. Аксари дарёҳо захираи калони гидроэнергетикӣ доранд. Дарёҳо ва кӯлҳои Осиё роҳҳои муҳими нақлиётианд.

Хок ва наботот. Дар Осиё ҳамагуна навъҳои хок, аз хокҳои камгумуси биёбонҳои арктикӣ cap карда то хоки зарди сурхтоби ферролитии бешаҳои тропикии сернам дида меша­вад. Осиё ду ноҳияи фитогеографӣ — Голарктикӣ ва Палеотропикиро дарбар мегирад. Қисми зиёди Осиё дар ноҳияи флористии Голарктикӣ ва танҳо қисми ҷануби нимҷазираи Арабистон, Ҳиндустон ва галаҷазираи Малай дар ноҳияи Палеотропикӣ воқеъ гаштаанд. Хунукию яхбандиҳои чандинкаратаи қадима, трансгреосияи баҳрҳо ва просессҳои навтарини кӯҳпайдошавӣ боиси хеле нам ва якранг шуда мондани флораи ноҳияи Го­ларктикй гардидаанд. Флораи ноҳияи Палеотропикӣ дар шароити иқлими гарми доими нумӯъ кардааст, ки намудҳои ниҳоят зиёди он авлоди флораи мезозой мебошанд. Ланд­шафти ҷазираҳои Арктика биёбонии арктикӣ ва флораи он асосан ушнаю гулсанг аст. Майдонҳои калони яхпӯш ва кӯххои шахӣ қариб растанӣ надоранд.

Дар Шимоли Ақсо зонаи тундра тӯл кашидааст, ки растани- ҳояш аз гулсанг, ушна ва резабуттахо иборатанд. Хоки заминҳои ин ҷо ниҳоят сернам ва яхбастаи торфдор аст; ботлоқҳо бисёранд. Дар ҷануб тундра бешатундра воқеъ гардидааст, ки дар дохили он қитъаҳои тундра ва бешаҳои сирак ба назар мерасанд. Кӯҳхои шимоли шарқии СССР бешатундраи паттазори ба худ хос доранд. Ҷанубтар аз бешатунд­ра территорияи хеле васеъ бешазор аст, ки бештари қисми шимолиашро тайга ва қисми нисбатан камтари ҷанубиашро бешаҳои резабарг ва пахнбарги омехта фаро гирифтаанд. Хоки заминҳои бешазот) яхбастаи тайгагй ва хокистарист. Ҷанубтар аз бешазор зонаҳои бешадашт ва дашт ҷой гирифтаанд. Бешадаштҳо асосан дар ҷануб ва ҷануби ғарбии Сибир, қисман Забайкаля, дар шимол Республикаи Халқии Муғулистон ва шимоли шарқии Хитой паҳн шудаанд.

Масоҳати зиёди шимол Қазоқистон, Республикаи Халқии Муғулистон ва шимоли шарқии Хитой дашт аст. Дар заминҳои сиёҳхок ва хокашон дорчинранги бешадашту даштҳо ҳаргуна алафҳо ва растанихои хӯшадор мерӯянд. Майдонҳои васеи ин ҷойхо кишт карда шудаанд. Нимбиёбону биёбонҳои минтақаи мӯътадил дар ноҳияҳои ҷануби Қазоқистон, ҳамвории Тӯрон ва Осиёи Марказӣ (Чунгария, Кошғар, Паҳдкӯҳи Ғарбӣ) воқеъ гаштаанд. Дар нимҷазираи Арабистон, кӯҳсорони Осиёи Хурд ва Арман, ҷануби Осиёи Миёна ва ғарби Ҳиндустон территорияи калонро нимбиёбон ва би- ёбонҳои субтропикию тропикӣ ишғол кардаанд. Нимбиёбону биёбонҳо хеле камрастанӣ дар онҳо бештар намудҳои гуногуни шибоғу боялич, растаниҳои хӯшадори хушкидӯст, саксавул ва ғайра мерӯянд. Ландшафти кӯҳхои ниҳоят баланд (Помири Шарқӣ, Тиёшнон, кӯҳсори Тибет) биёбони баландкӯҳист. Биёбонҳои калонтарини Осиё:  Нафуд, Рубъулхоли,

Дашти Лут, Дашти Кавир, Дашти Марго, Қароқум, Қизилқум, Top (Тҳор), Такла-Макон, Гоби. Дар нимбиёбону биёбонҳо хокҳои бӯр, бӯри хокистартоб, хоки хокистарранг, хе­ки субтропикию тропикӣ ва шӯрзаминҳо бештаранд. Дар ин ҷо дехқонӣ танҳо дар натиҷаи обёрии заминҳо имконпазир мегардад; майдонҳои васеъро ҳамчун чарогоҳ истифода мебаранд. Дар ноҳияҳои наздибаҳрии Осиёи Ғарбӣ дар заминҳои хока­шон зарду ҷигарранг растаниҳои ти­пи баҳримиёназаминӣ мерӯянд, ки дар байни онҳо буттаҳои дуруштбаргу резабарг (маквис, фригана, шибляк) бартарӣ доранд.

Дар субтропикҳои сернами Закавказия, шимоли Туркия ва Эрон ҷо-ҷо бешаҳои омехтаи паҳнбарг боқӣ мондаанд. Ба субтропикҳои муосонии Осиёи Шарқӣ буттаю бешаҳои ҳамешасабз ва ба тропикҳои муссонии ноҳияҳои Осиёи Ҷанубӣ бешаҳои хушк, бешақои си­рак, буттазорҳо ва баъзан растаниҳои типи саваннагӣ хосанд. Дар соҳили баҳрхои Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷануби Шарқӣ баъзан бешаҳои мангро вомехӯранд. Дар кӯхҳо наботот вобаста ба баландӣ ба минтақаҳои тундраи кӯҳӣ, тайгаи кӯҳӣ, бешаҳои кӯҳӣ, дашту биёбонҳои кӯҳӣ ва ба минтақаҳои субтропикию троникии кӯҳӣ тақсим шудааст.

            Олами ҳайвонот. Ба Осиё фаунаи ма­терикӣ хос аст. Аз ҳамин сабаб дар ин ҷо ҳайвонҳои эндемӣ каманд. Баъзе намуди ҳайвонҳои Осиё ба хайвонҳои Европа, Америкаи Шимолӣ ва Африка монанданд. Қисми ҷануби нимҷазираи Арабистон бо якҷоягии Аф­рика ноҳияи зоогеографии Эфио­пия дохил мешавад. Филу қаркадан ва гавазну товусҳо ба ҳамин ноҳия хосанд. Ҷазираҳои Зонди Хурд ба ноҳияи зоогеографии Австралия, нохияҳои дигари Осиёи Ҷанубӣ ба Ҳиндустону Малай, қисми боқимондаи Осиё ба Палеарктика (Қисми евроосиёгии Голарктика) дохил мешаванд.

Ҳар як зонаи географӣ ҳайвоноти хоси худро дорад, ки ин гуна тақсимот махсусан дар зонаҳои тундра, тайга, дашту биёбон ва биёбонхои кӯҳӣ, инчунин кӯҳсорони Осиёи Марказӣ, бешаҳои паҳнбарг ва субтропикии Шарқи Дур, бешаҳои тропикии Осиёи Ҷанубӣ баралло намоён аст. Дар бисёр ҷойҳо (Хитой Шарқи Ҳиндустон, Ява, қисми ҷануби Сибири Ғарбӣ) хайвонҳои гуногун дар натиҷаи фаъолияти инсон ҷои худро дигар карда, хеле кам шуда мондаанд. Ба туфайли чорабиниҳои муҳиме, ки ба мақсадҳои бой намудани олами ҳайвонот нигаронида шудаанд, махсусан дар СССР саршумори самур, сайгак ва щоҳгавазн барин ҳайвонҳои пурбаҳо афзуд.

Ноҳияҳои табиии Осиё бо зонаҳои наботот асосан мувофиқат мекунанд.

Аз ҷиҳати ландшафт Осиё ба 5 қисми калон тақсим мешавад:  Осиёи Шимолӣ (асосан тундра ва зонаи бешазор); 2. Осиёи Миёна ва Марказӣ (зонаҳои нимбиёбон ва биёбон, кишварҳои калони баландкӯҳӣ); 3. Осиёи Пеш ё Ғарбӣ (кӯҳсорони Осиёи Пеш ва биёбонҳои тропикии нимҷазираи Арабистон); 4. қисми шарқии Осиё (минтақаи материкии иқлимашон мӯътадили муссонӣ ва субтропикии муссонӣ, инчунин ҷазираҳои Осиёи Шарқӣ); 5. қисми ҷанубии Осиё (ноҳияҳои тропи­кӣ ва экваторӣ).

            Аҳолӣ. Дар Осиё 2,53 миллиард нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад (1978). Аз ибтидои асри 20 инҷониб аҳолии Осиё 215% афзуд; махсусан дар солҳои баъди- ҷанги афзоиши зиёди аҳолӣ мушоҳида карда мешуд. Аксари аҳолии ҳозираи Осиё ба се гурӯҳи асосии нажодҳо мансуб аст: муғулсур атҳо (ахо­лии таҳҷоии Сибир, муғулхо, як қисми халқҳои Хитои Шимоли Шарқӣ ва Марказӣ, сокинони ҷануби Хитой, индонезиҳо, филиппинҳо, халқҳои Ҳиндухитой ва японҳо), европои- с у р a т ҳ о (халқҳаи Кавказ, Осиёи Пеш ва Миёна, Шарқи Миёна, қисми зиёди халқҳои субконтинентҳои Осиёи Ҷанунбӣ) ва австра лисур а т х о (гурӯҳҳои хурди халқияти баъзе ноҳияҳон Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷануби Шарқӣ). Ҳайати этникни Осиё ниҳоят гуногун аст.

Дар ин ҷо чанд сад халқ ва халқиятҳое зиндагӣ мекунанд, ки дараҷаи инкишофи этникию миллиашон гуногун буда, ба оилаю гурӯҳҳои сершумори забонӣ мансубанд. Халқҳое, ки ба забонҳои оилаи хиндуевропоӣ гуфтугӯ менамоянд, дар қисми зиёди Аф- ғонистон, Эрон ва Тоҷикистон, дар як қатор нохияи Туркия ва Покистон (калонтарини онҳо — форсҳо, афғонҳо, курдҳо, тоҷикон), баъзе ноҳияҳои Кавказ (осетинҳо, татҳо, талишҳо ва дигар), қисми шимолӣ ва марказии Ҳиндустон (ҳиндустониҳо, биҳориҳо, панҷобиҳо, маратхҳо, гуҷаротиҳо, банголиҳо ва дигар), Арманистон ва як қатор ноҳияҳои мамлакатҳои Осиёи Пеш (арманиҳо), ҷазираи Кипр (юнониҳо) ва дар Қисми осиёгии СССР (русҳо, украинҳо, белорусҳо) зиндагӣ мекунанд.

Ба оилаи забонҳои к а в к а з ӣ халқҳои Гурҷистон ва баъзе ноҳияҳои Кавкази Шимолӣ (гурҷиҳо, абхозҳо, адигейҳо, кабардаҳо, черкасҳо, чеченхо, ингушҳо, халқҳои кӯҳистони Доғистон), ба оилаи сомию ҳомӣ мамлакатҳои Осиёи Пеш (арабҳо, яҳудиҳои Исроил, ошуриҳо), ба оилаи забонҳои о л т о й ӣ қисми зиёди Туркия, қисми шимоли Эрон ва Афғонистон, Синсзян, Озарбойҷон, Осиёи Миёна ва Қазоқистон, Кӯҳистони Олтой ва як қисми Ёқутистон (туркҳо, озарбойҷониҳо, уйгурҳо, ӯзбекҳо, қазоқҳо, туркманҳо, ёқутҳо ва дигар), Осиёи Марказӣ (муғулҳо, бурятҳо ва дигар), Хитои Шимоли Шарқӣ, ҷануби Сибир ва Шарқи Дур (эвенкҳо, эвенҳо, нанайҳо ва дигар), ба оилаи забонҳои у р а л ӣ як қатор ноҳияҳои Сибир ва Шарқи Дур (чукчиҳо, ко­рякҳо, ителменҳо, юкагирҳо, эскимосҳо, алеутҳо, нивхҳо ва дигар халқҳои хурд), ба оилаи забонҳои х итоию тибетӣ — қисми зиёди территорияи Хитой, Ҳиндухитой, Непал ва Шимоли Ҳиндустон (хитоиҳо, хуэйҳо ё дунганҳо, бирмагиҳо, исзу, тибетиҳо, каренҳо, мяо, яо, тайҳо, ветнамиҳо, лао, кампучиягиҳо, непалиҳо ва дигар), ба гурӯҳи забонҳои монукҳмерӣ — баъзе ноҳияҳои Ҳиндухитой ва Бирма, ба гурӯҳи забонҳои мунда — ноҳияҳои кӯҳсори Ҳиндустони Марказӣ, ба оилаи забонҳои дравидӣ — Ҳиндустони Ҷанубӣ (тамилҳо; телугу, каннара, лаяли, инчунин  гондҳо, кандхҳо, ораонҳо) қисми ғарбии Покистон (брагуҳо), ба оилаи эабонҳои а в стронегзӣ (малайю полинезӣ), халқҳои ҷазираҳои Осиёи Ҷануби Шарқӣ, нимҷазираи Малакка ва баъзе ноҳияҳои Ҳиндухитои Ҷануби Шарқӣ (явагиҳо, сундҳо, висайяҳо, тагалҳо, малайиҳо, мадурҳо ва дигар) мансубанд.

Дар Осиё ҳаамаи динҳои дунё — буддоия, масеҳият ва ислом ба вуҷуд омадаанд. Буддоия дар замони ҳозира дини ҳукмрони мамлакатҳои Ҳиндухитой ва Шри-Ланка мебошад. Он дар шакли равияҳои гуногуни динӣ — конфусийчигӣ ва даосизм дар Хитой, конфусийчигӣ дар Корея, син­тоизм дар Япония, ламаизм дар Ти­бет ва Муғулистон вуҷуд дорад. Ма­сеҳият дар Филиппин, Кипр ва Лубнон, ислом дар мамлакатҳои Осиёи Пеш ва Шарқи Миёна, Покистон, Бангла­деш, Индонезия, қисман дар Лубнон, Кипр, Ҳиндустон, Шри-Ланка, Хитои Шимоли Ғарбӣ паҳн гаштааст. Ядудиёни Исроил ба дини яҳуди (иудаизм) ва халқҳои Ҳиндустон, Непал, Шри-Ланка, Бангладеш ва ҷазира Балии Индонезия ба ҳиндуия эътиқод дораяд. Динҳои қабилавӣ асосан дар ноҳияҳои кӯҳсори дохилӣ боқӣ мондаанд. Дар Қисми осиёгии СССР дар гузашта масеҳият (халқҳои славянӣ, гурҷиҳо ва арманиҳо), ислом (қисми зиёди аҳолии Осиёи Миёна ва Қазоқистон, озарбойҷонҳо, баъзе халқҳои Кавказ), ла­маизм (як қисми бурятҳо) паҳн гашта буд.

Аҳолии Осиё ниҳоят нобаробар ҷой гирифтааст. Зичии аҳолӣ дар 1 километр2 58 нафар. Дар Япония бошад, дар 1 километр2 310 нафар, дар Лубнон 284 нафар, Корея 245 нафар, Шри-Ланка 213 нафар ва дар Ҳиндустон 193 нафар аҳолӣ рост меояд. Зичии аҳолӣ махсусан дар ноҳияи шоликори соҳил ва во­дии дарёҳои калонтарини Хитои Ҷанубӣ ва Марказӣ, ҷануби Япония, водии дарёҳои Ганг ва Брахмапутра, Ме­конг ва Хонгх, соҳилҳои шарқии нимҷазираи Ҳиндустон ва ҷазираи Ява зиёд аст (дар 1 километр2 350—600 нафар, дар баъзе ҷойҳо зиёда аз 1500 нафар). Осиёи Мар­казӣ, инчунин бисёр ноҳияҳои Осиёи Шимолӣ ва Пеш камаҳолианд (дар 1 километр2 1—5 нафар). Биёбонҳои Рубъулхоли, Дашти Кавир, Такла-Макон, Гоби ва ноҳияҳои баландкӯҳи Тибет, Ҳимолой, Ҳиндукуш аҳолии муқимӣ надоранд (нигаред низ Эзоҳи харитаи этнографии Осиё).

Харита дар саҳифаи 384—385.

            Тақсимоти сиёсии Осиё. Тамоми қисми шимолии Осиё (бештар аз 1/3 хиссаи территорияи он) ба ҳайати Иттифоқи Советӣ дохил мешавад (дар Осиё зиёда аз 75%-и масоҳати СССР воқеъ гаштааст). Давлатҳо ва мамлакатҳои Осиёи хориҷиро аз рӯи ҷойгиршавии географиашон ба 5 гурӯҳ чудо мекунанд: гурӯҳи мамлакатҳои Шарқи Наздик ва Миёна — Туркия, Эрон. Афғонистон, Сурия, Луб­нон, Ироқ, Урдун. Исроил ва давлатҳои нимчазираи Арабистон дар Осиёи Ғарбӣ вокеъ гаштаанд; гурӯҳи мамлакатҳои Осиёи Чану бӣ — Хиндустон, Покистон, Не­пал ва Шри-Ланка; мамлакатҳои Осиёи Чанубӣ Шарки — Бирма, Тайланд. Ма­лайзия, Ветнам, Кампучия, Лаос. Ин­донезия ва Филиппин; Осиёи Шарқӣ — кисми зиёди хитой. Корея ва Япония; Ослёл Марказӣ — Муғулистон ва қисми боқимондаи Хитой. Харитаи сиёсии ҳозираи Осиё (нигаред чадвал) дар натиҷаи тағйиротҳои куллии иҷтимоӣ ва сиёсӣ шакл гирифт. Бисёр мам­лакатҳои собиқ мустамлика аз зулми империалистӣ озод гардида, истиклолият ба даст оварданд ва роҳи тараққиёти мустақилонаро пеш гирифтанд; дар як қатор давлатҳо ҳокимияти халқӣ-демоагратӣ ташкил ёфт.

Давлатҳо

(мулкҳо)

Масоҳат ҳаз. км3 Пойтахтҳо- (марказҳои маъмурӣ) _
Аморатҳои муттаҳидаи Араб 83.6 Абӯзабӣ *
Аомин (Макао)3 (По ртуг.) 0,016 Аомин
Арабистони Са-

УДЙ

2149.7 Ар-Риёз
Афгонистон 655 Коб у л
Бангладеш 144,0 Дакка
Бадрайн 0.6 Манома
Бирма 678.0 Рангун
Бруней (Брит.) 5.8 Бандар-Сери-
Бутон 47.0 Бегаван

Тхимпху

Вьетнам 332.6
Индонезия 1904.3 Чакарта
Ирок 434,9 Багдод
Исроил 14.13 Тел-Авив*
Кампучия 181 Пномпень
Кипр 9.3 Никосия
Корея 220,8*
Республикаи Хал- кии Демокра­тии Корея 121.2 Пхеньян
Кореям Ҷанубй 98,4 Сеул*
Кувейт 17.8 Ал-Кувайт
Лаос 236,8 Вьентьян
Лубнон 10,4 Бейрут
Малайзия 332,8 Куала-Лум-
Мальдив 0.3 пур

Мале

Непал 140,8 Катманду
Покистон 803,9 Исломобод
РеспубликаиХал- кии Мугулистои 1566,5 Улан-Батор
Республикаи Хал- кии Демон ра-
тии Яман 336.5 Адан
Республикаи Ямани Араб 195.0 Санъо
Сингапур 0.6 Сингапур
Сурия 185.2 Димишк
Сянган (Гон­конг) (Брит;) 1.0 Сянган (Гон
коиг)

 

 

 

Тимори Шарки 7 Туркин (днем it 14,9
осиёгй) 756,9*
Уммои 212,4
Филиппин 300,0
Хитой* 9597,0
Шри-Ланка 65,6
Эрон 1648,0
Япония 372,2
Кдтар 22
Урдун 95.4Ю

3287,6

Хи иду стон

Бангкой

Дили

Анкара

Маскат

Манила

Пекин

Коломбо

Техрон

Токио

Доха

Аммон

Дехлй

 

 

Эзоҳот: 1. Муваққатӣ. 2. Расман мулки он тарафи баҳр”-и Португалия. Дар асл Португалия эътироф менамояд, ни Аомин территорияи  Хитой буда, онро маъ- мурияти Португалия «ихтиёран ва муваққатан» идора мекунад; вале хуку- матдорони Республикаи Халқии Хитой барои тағйир додани статуси ҷорӣ чорае намебинанд. 3. Масоҳаташ аз рӯи сарҳадҳое, ки ТДМ бо қарори худ аз 29 ноябри 1947 муайян кардааст. Аслан аввалҳои соли 1967 масоҳати Исроил беш аз 20,7 ҳазор километр2 буд. Ғайр аз ин Исроил қисми зиёди территорияи аз мамлакатҳои араб истилокардааш (беш аз 68,7 ҳазор километр1 масоҳат ва 1 миллион аҳолӣ)-ро дар дасти худ нигоҳ медорад (1967). 4. Доираҳои ҳукмрони Исроил Иерусалимро пойтахти давлати Исроил мешуморанд, ки инро Иттифоқи Советӣ ва як қатор давлатҳои дигар то имрӯз эътироф намекунанд. 5. Якҷоя бо зонаи демилитаризасияшуда. 6. Қароргоҳи маъмурияти Кореяи Ҷанубӣ. 7. Моҳи ав­густи 1976 Индонезия бар хилофи қарори Ассамблеяи Генералӣ ва советӣ Амнияти ТДМ Тимори Шарқиро ба худ зӯран ҳамроҳ кард. 8. Якҷоя бо қисми европоии он 780.6 ҳазор километр, аҳолиаш 45,2 миллион нафар (1980). 9. Якҷоя бо Тайван. 10. Аз соли 1967 инҷониб ғарбтар аз дарёи Урдун 6,6 ҳазор километр2 (аҳолиаш 0,72 миллион нафар) дар зери истилои Исроил мебошад.

Адабиёт: Зарубежная Азия. Физическая гео­графия, Москва, 1956; Власова Т. В., Фи­зическая география частей света, 2 издание, Москва, 1966; Алисов Б. П., Климаты СССР, Москва, 1956; Витвицкий Г. Н., Климаты зарубежной Азии, Москва 1960; Водные Ре­сурсы и водохозяйственные проблемы стран Азии, Москва, 1967; Павлов Н. В., Ботаническая география эарубежиых стран, часть 1—2, Москва, 1965; География и классификация почв Азии, (маҷмуа), Москва, 1965; Магидович И. П., Очерки по истории географических открытий, Москва, 1967; Гвоздецкий Н. А., Советские географические исследования и откры­тия, Москва, 1967; Народы Передней Азии, Москва, 1957; Народы Восточной Азии, Москва— Ленинград, 1665; Народы Юго-Восточной Азии, Москва, 1966; Народы Южной Азии, Москва, 1963; Народы Сибири, Москва— Ленинград, 1956; Народы Средней Азии и Казахстана, Москва, том 1—2, 1962—63; Народы Кавказа, Москва, том 1—2, 1960—62.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …