Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ЭКСПРЕССИОНИЗМ

ЭКСПРЕССИОНИЗМ

ЭКСПРЕССИОНИЗМ (аз лот. ех-pressio — ифода), як ҷараёни санъат ва адабиёти Европаро гӯянд, ки тақр. с-ҳои 1905—20 инкишоф ёфтааст. Он олами маънавӣ (субъективӣ)-и инсонро ягона ҳақиқати реали ва зоҳир шудани онро мақсади асосии санъат медонад. Моҳиятан эътирози фардиро ба муқобили нуқсонҳои капитализм ифода векунад. Истилои Э.-ро бори аввал X. Валиден истифода бурдааст. Дар санъати тасвири пайравонаш П. Гоген, В. Ван Гог, Э. Мунк, Ц. Энсор, Ф. Ходлер ва диг. мебошанд. Принципҳои Э. махсусан, дар эҷодиёти рассомон (Э. Л. Кирхнер, М. Пехштейн, Э. Хоккель, К. Шмидт-Ротлуф), ки ифодаи субъекгавии воқеият ва дарки озодонаи оламро тарғиб мекарданд, ташаккул ёфт. Тарафдорони Э. дар асарҳояшон ба афкор ва эҳсосоти фардӣ аҳамият дода, воқеиятро яктарафа ва нодуруст инъикос менамуданд ва бо таъсири фалсафаи индивидуализм ва субъективизм ба равияи абстракт (ниг. Абстракционизм) майл мекарданд. Дар солҳои баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дҳамчун ҷараёни формалист, ки моҳияти иҷтимоии санъатро рад мекунад, дар РФГ, Франция (бо номи неоэкспрессионизм), ШМА (бо номи Э.-и абстрактӣ) паҳн шуд. Дар адабиёти бадеӣ ба пайдоиши Э. нависандагон Г. Кайзер, В. Газенклевер дар Германия, Ф. Верфель дар Австрия мусоидат намуданд. Э. дар санъати мусиқӣ, театр, кино ва меъморӣ низ эҳсосот ва ақидаҳои субъективии санъаткорро ифода намуда, аз моҳияти иҷтимоии санъат сарфи назар мекунад. Ҳоло Э. бо таъсири реализм ва дигар равияҳои пешқадам мавқеи худро гум карда истодааст.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …