Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТАЪЛИМОТИ ЭВОЛЮЦИОНӢ дар биология

ТАЪЛИМОТИ ЭВОЛЮЦИОНӢ дар биология

ТАЪЛИМОТИ ЭВОЛЮЦИОНӢ дар биология, маҷмӯи донишҳоест доир ба инкишофи таърихии табиати зинда. Мувофиқи таълимоти эволюсионӣ ҳамаи намудҳои организмҳои ҳозира дар натиҷаи тағйири бардавом аз организмҳое пайдо шудаанд, ки пештар зиндагӣ кардаанд. Бунёди таълимоти эволюсиониро назарияи таҳаввул (эволюция) ташкил мекунад. Фикрҳои аввалии доир ба инкишофи ҳаёт дар асарҳои файласуфони атиқа Эмпедокл, Демокрит, Лукреций Кар ва дигарон зикр шудаанд. Вале онҳо аз тахмину анде, шаҳои фалсафӣ иборат буда, асоси биологӣ надоштанд. Асри 18 дар биология муқобили креационизм (маҷмӯи ақидаҳо доир ба махлуқ ва тағиирнопазирии намудҳо) трансформизм (таълимот дар бораи тағиирёбии намудҳои ҳайвоноту наботот) ташаккул ёфт.

evolution

Тарафдорони ин ақида Ж. Бюффон, Э. Ж. Сеит-Плер (Франция). Ч. Дарвин (Англия) И. В. Гёте (Германия) ва К. Ф. Рулье (Россия) тағйирпазир будани намудҳоро бо ду далел (мавҷудияти шаклҳои гузаранда дар байни намудҳои ба ҳам наздик ва ягонагии сохти организми аксар ҳайвоноту растанӣ) исбот намуданд. Аммо онҳо сабаб ва омилҳои тағйири намудҳоро дарёфта натавонистанд. Ж. Б. Ламарк дар таҳияи назарияи теми эполюционӣ бори нахуст икдом кард. Ӯ дар «Фалсафаи зоология» (1809) ном асараш доир ба қувваҳои ҳаракатдиҳандаи таҳаввулот маълумот додааст. Омилҳои ҳақиқии таҳаввулотро Ч. Дарвин кашф намуда, назарияи эволюциониро ба вуҷуд овард. Ба ақидаи Дарвин тағйирпазирии номуайян ва интихоби табиӣ қувваҳои ҳаракатдиҳандаи таҳаввулот мебошанд (нигаред Дарвинизм). Ламаркизм ва дарвинизм эволюцияро аз мавқеъҳои муқобил тавсиф медиҳанд (ламаркизм таҳаввулотро бо адаптация, дарвинизм бошад, адаптацияро бо таҳаввулот шарҳ медиҳад). Инкишофи биология дуруст будани назарияи Дарвинро исбот кард. Аз ин сабаб дар биологияи муосир истилоҳоти «дарвинизм» ва таълимоти эволюсиониро аксар муродиф медонанд. Тараққиёти минбаъдаи генетика барои фаҳмидани механизми пайдоиши тағйирпазирии ирсии номуайян имкон дод. Асоси ин зуҳурот мутасия мебошад. Тағйирпазирии мутационӣ барои организмҳое, ки ядрои ҳақиқи надоранд (нигаред Прокариотҳо),масолеҳи асосии эволюсия аст. Барои организмҳое, ки ҳуҷайраашон ядрои ҳақиқӣ доранд, тағйирпазирии муштарак (якҷоя шудани генҳо дар ҷараёни афзоиши ҷинсӣ) аҳамияти калон дорад. Воҳиди оддии таҳаввулот популяция аст. Дар таълимоти эволюсионии муосир тасаввурот доир баомилҳои эволюсия баробари чун воҳиди оддии таҳаввулот ҷудо шудани популяция, назарияи изоляция ва мукаммалтар шудани назарияи интихоби табии ғанитар гардид. Процессҳои эволюционии дар дохили намуд суратгирандаро, ки бо пайдоиши намуд хотима меёбад, аксаран ба таври умумӣ микроэволюция меноманд. Вазифаи асосии микроэволюсия таҳлили таносуби инкишофи фардӣ ва таърихии организмҳо, таҳлили қонунияти филогенез ва ҷиҳатҳои асосии ҷараёни таҳаввулот мебошад. Таълимоти эволюсионӣ ва махсусан қисми назариявии он (назарияи эволюционӣ) асоси муҳими табиию илмии материализми диалентикӣ ва яке аз таҳкурсиҳои методологии биологияи муосир ба ҳисоб меравад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …