Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЭТОЛОГИЯ

ЭТОЛОГИЯ

etology

ЭТОЛОГИЯ (аз юн. 6thos — одат, феъл, ху, хислат ва …логиля), илми биологиест, ки рафтори ҳайвонотро дар шароити табиӣ меомузад. Э. асосан ба таҳлили компонентҳои ирсию ғайриирсии рафтор ва проблемаҳои таҳаввулоти он машгғл аст. Истилоҳи Э.-ро с. 1859 зоологи франсавӣ И. Жоффруа Сент-Илер ба биология дохил кардааст. Дар пешрафти Э. саҳми Ч. Дарвин калон аст. Э. чун соҳаи мустақили илм с-ҳои 30 а. 20 ба вуҷуд омадааст; он асосан дар заминаи зоологияи саҳроӣ ва таълимоти эволюционӣ пайдо шуда, бо физиология, экология, генетикаи популяционӣ, генетикаи рафтор ва психологияи таҷрибавӣ алоқаи мустаҳкам дорад. Асосгузорони Э. К. Лоренц (Австрия) ва Н. Тинберген (Нидерландня) мебошанд. Алҳол дар СССР якчанд марказҳои илмӣ (Ин-ти морфологияи эволюционӣ ва экологии ҳайвонот, Ун-ти Москва, Ун-ти Ленинград ва як қатор мамнунгоҳҳо) ба тадқиқоти этологӣ машғуланд. Фаъолияти Э.-ро Комитети байналхалқии этологӣ координация мекунад. Дар хорича як қатор журналҳои этологӣ нашр мешаванд. Дар СССР мақолаҳои этологӣ дар «Зоологический журнал», «Бюллетень Московского общества испытателей природы», ж-и «Экология» ва ғ. дарҷ мегарданд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …