Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ЭЪТИРОЗ

ЭЪТИРОЗ

ЭЪТИРОЗ (ар.   — арз, шикоят), дар ҳуқуқи советӣ яке аз шаклҳои назорати риояи қонун мебошад. Э. дар норозигии асосноки прокурор муқобили суд ё фаъолияти корхонаю ташкилотҳо зоҳир мешавад. Э.-ро ба тариқи назорати умумӣ аз болои фаъолияти корхонаҳо прокурор баён мекунад. Э.-и кассациониро низ прокурор оид ба беасос ва ғайриқонунӣ будани ҳукми ҳалномаҳои ба ҳукми қонун надаромадаи судя инстанцияи якум ба суди олӣ пешниҳод мекунад (ниг. низ Кассация). Аз болои таъиноти судя инстанцияи якум ва қарори судя оид ба масъалаҳои ҷудогонаи корҳои ҷиноятӣ ва гражданӣ прокурор Э.-и хусусӣ карда метавонад. Э.-и назорати судиро прокурор, раиси суд ва ҷонишинони онҳо мувофиқи КПЧ PСС Тоҷ. (мод. 375) пешниҳод мекунанд.

М. Раҷаббеков.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …