Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЭТИМОЛОГИЯ

ЭТИМОЛОГИЯ

ЭТИМОЛОГИЯ (аз юн. Etymon — маънои аслии калима ва …логия), як соҳаи забоншиносӣ, ки таърихи пайдоиши калимаҳо, сохти мабдаи, ваҷҳи тасмия ва робитаи маънавии онҳоро меомузад. Ин истилоҳро файласуфони давраи атиқа тақр. 2 ҳаз. сол пеш ҷорӣ намудаанд. Э. тавассутп методи муқоисавӣ-таърихӣ алоқаҳои морфемаҳо ва калимаҳоро муайян менамояд. Э.-и забонҳои дар асоси методи муқоисавӣ-таърихӣ омухташуда (ҳиндуевропоӣ, финнуугорӣ ва ғ.) бештар инкишоф ёфтааст; Э. ба маънои дигараш натиҷаи тадқиқот оид ба таърихи пайдоиши калима мебошад. Мас., муайян кардани алоқаи калимаҳои бохтан ва бозидан, равзани тоҷикӣ ва rucok-и яғнобӣ, алоқаи калима ва морфемаҳои «пи», «пид», (шир, равған, ғизо, озуқа) ва калимаҳои «пистон», «пиёба», «фарбеҳ» ва ғ. Дар тадқиқоти этимологӣ тағйироти фонетикӣ ва морфологии калимаҳо (мас., ҷойивазкунии овозҳо — «канор» — «карой», «пардез — «шаҳрез» (дар забони паҳлавӣ — pahrec), «таспидан» — «тапсидан»), аз калимаҳои забонҳои гуногун сохта шуданн як калимаи мураккаб («чойхоначӣ», аз калимаи хитоии «чой», тоҷикӣ — «хона» ва суффикси калимасозӣ туркй — «чӣ») ва ғ. ба назар гирифта мешаванд. Ба воситаи Э. решаи ягонаи калимаро дар ягон оилаи забонҳо пайдо кардан мумкин аст. Мас., калимаи «таппак», «тапидан», «тафта», «тафтон», «тафсон», «таб», «това» ва «топить»-и русӣ аз як решаанд. Тағйироти гуногуни фонетикӣ ва морфологиро ба назар гирифта Э.-и калимаҳои гуногун аз ҷумли «ангишт» (литвонӣ—anglis, санксрит — angarah, русӣ — «уголь»), «кярм» (дар забонҳои помирӣ—cirm, русӣ «червь», чехй —сегу), «корд», «курта», «калтак» (русӣ — «кроить», «кройка», «край», «окраина», «короткий», «черта», «чертить», калимаҳои юнонию лотинии «кризис», «критика», «декрет», «секрет» ва ғ., ки маънои ибтидоиашон «буридан», «реза кардан», «пора кардан» мебошад) па ғ. дарёфтан мумкин аст.

zabon

Ба ғайр аз Э.-и илмӣ боз Э.-и халқӣ вуҷуд дорад, ки дар он пайдоиши калимаҳо дар асоси ҳамоҳангии тасодуфии онҳо ба назар гирифта мешавад. Мас., дар Э.-и халқӣ калимаи «даҳмарда»-ро ба «даҳ» (шумора) ва «мард» ҷудо мекунанд, ҳол он ки ин калима аз dahm — «донишманд» ва martak — «мард», «одам»-и забонҳои қадимии эронӣ таркиб ёфтааст.

Ад.: Абаев В. И., О принципах этимологического исследования, дар маҷм.; Вопросы методики сравнительно-исторического изучения индоевропейских языков. Ml, 1956; Ф а с м е р М., Этимологический словарь русского языка, т, 1— 4, М., 1964—73; Т р у б а ч е в Д. Н.. Из славяно-иранских лексических отношений, дар мадм.’. Этимология, 1965, М., 1967.

А. Бухоризода.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …