Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЭТИЛЕН

ЭТИЛЕН

etilen

ЭТИЛЕН, этен, И2С = СН2, карбогидриди носер, узви якуми қатори гомологии олефинҳо, гази беранг буда, бӯи сусти эфирро дорад; t гуд. —169,5‘С, t душ.—103,8°С. зичиаш 570 кг/м3; дар об ҳал намешавад, дар спирт бад, дар эфир, ацетон ва ғ. ҳал мешавад. Барои Э. реакцияи пайвасткунӣ ба банди дучанди карбону карбон хос аст. Усулҳои асосии истеҳсоли саноатии Э.— крекинг ва пиролизи баландҳарорати (700—850С) дистиллятҳои моеъи нефт ва карбогидридҳои парафинӣ (асосал этан ва пропан) аст. Э.-ро барои дефолиацияи растаниҳо ва тезондани пазиши меваҳо (мас., помидор, харбуза, афлесун ва ғ.) истифода мебаранд. Концентрацияи зиёди Э. одам ва ҳайвонотро беҳуш мекунад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …