Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЭЪТИБОРНОМА

ЭЪТИБОРНОМА

ЭЪТИБОРНОМА, ваколати хаттиеро гуянд, ки шахси (ваколатдиҳанда) ба шахси дигар (вакил, намоянда) барои анҷом додани ягое амри ҳуқуқӣ (мас., харидуфуруш) медиҳад. Э. се навъ мешавад: Э.-и яккарата— барои анҷом додани як амри ҳуқуқӣ (мас., гирифтани маош); Э.-и махсус — барои анҷом додани амрҳои хусусияташон якхела (мас., Э.-и ҳуқуқшиносӣ корхона — барои баромад кардан дар арбитраж) ; Э.-и умумӣ — барои идораи умумии молу мулки ваколатдиҳанда. Дар ҳуқуқи советӣ шаклу тарзи додани Э. ва аз эътибор соқит кардани он бо КГ-и республикаҳои бародарӣ (дар Тоҷикистон бо КГ-и республика, мод-ҳои 64—70) танзим мешавад. Баъзе намудҳои Э. (мас., харидуфуруши манзили истиқоматӣ дар шаҳр ё посёлкаҳои типи шаҳрӣ ва ғ.)-ро нотариат бояд тасдиқ кунад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …