Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЭТЕ Ҳерман

ЭТЕ Ҳерман

ЭТЕ (Ethe) Ҳерман (13. 2. 4844, Стралсунди Гормания —1915, Англия), шарқшиноси немис. Шуъбаи забоншиносии Ун-тҳои Грейсвальд ва Лойпцитро хатм кардааст. С. 1865 ба унвони докторе ноил гашт. Баъдтар ба Мюнхен кучида, дар онҷо ба омузиши забонҳои форсию арабе ва туркӣ машғул шуд. С-ҳои 1875— 1915 дар Ун-ти Аберистуит (Англия) аз забонҳои шарқӣ дарс медод. Бо Э. Браун дустӣ дошт. Мақолаҳои зиёди Э. «Фирдавӣй — сарояндаи ишқ» (1872—73), «Рудакӣ-шоири аҳди Сомониён» (1873), «Гузаштагон ва муосирони Рудакӣ»(1875), «Ибни Сино — лирик» (1875) ва ғ. дар журналҳои илмии Германия ва Англия ба табъ расидаанд. Муҳимтарин тадқиқоти Э. «Таърихи адабиёти форсӣ аст, ки дар «Grundriss der ira-nischen Philologie» («Асосҳои филологияи эронӣ», 1896—1904) ба табъ расида, яке аз аввалин тадқиқот оид ба таърихи адабиёти форс-тоҷик дар Европа ба шумор меравад. Э. с. 1889 феҳристи нусхаҳои хаттии форсӣ, туркӣ, ҳиндӣ ва пуштуии китобхонаи Бодлеанро такмил дода, феҳристи дастнавнсҳои форсии китобхонаи Индиа-Офисро сохтааст. 9., инчунин маснавни «Шоҳ ва Дарвеш»-и Ҳилолиро ба забони немисӣ тарҷума карда, достони «Юсуф ва Зулайхо»-и мансуб ба Фирдавсӣ ва мунозираҳои Асадии Тӯсиро бо шарҳу тавзеҳот ба чоп расондааст.

  1. Муллоаҳмадов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …