Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / ЭСТОНИЯ

ЭСТОНИЯ

ЭСТОНИЯ, Республикаи Советии Социалистии Эстония (Ээсти Ныукогуде Сотсиалистлик Вабарийк), дар шим. ғарбӣ СССР, дар соҳили б. Балтика воқест. Таъсисаш 21 июли 1940. Масоҳ. 45,1 ҳаз. км2. Аҳолиаш 1542 ҳаз. наф. (1986); эстонҳо (948 ҳаз. наф., 1979), русҳо, украинҳо ва ғ. Аҳолии шаҳрӣ 71%. 15 район, 33 шаҳр ва 24 птш дорад. Пойтахташ ш. Таллин.

estoniya

Сатҳи республика ҳамвор, дар ҷануб теппадор. Ҳарор. миёнаи февр. —6°С, июль 17С. Боришоти солона 600—700 мм. Дарьёҳои калон: Нарва, Пярну, Эмайыгя. Кулҳо бисьёранд, калонтаринашон: Чуд ва Выртсьярв. Хокаш асосан чимтолию хокистартоб, хокистартоби карбонатӣ, ботлоқӣ. Бештар аз 30% ҳудуди Э.-ро бешаҳо (2/3 ҳиссааш бешаҳои сузанбарг) фаро гирифтаанд.

Дар ибт. ҳазораи 2 м. ҷамъияти синфӣ ба вуҷуд омад. Дар а-ҳои 12 —13 халқияти эстон ташаккул ёфт. Аз а. 13 халқҳои эстон аввал ҳуҷуми немисҳо, баъд ҳуҷуми даниягиҳоро зада мегардонданд. Дар чоряки дуюми а. 13—миёнаи а. 16 ҳудуди Э., ки дар тасарруфи салибдорон буд, як қисми Ливонияро ташкил медод. Ох. а. 16 ҳудуди Э. байни Швеция (қисми шимолӣ), Речь, Посполита (қисми ҷанубӣ) ва Дания (ҳаз. Саарема) тақсим шуд; дар миёнаи а. 17 тамоми ҳудуди Э. ба тасарруфи шведҳо гузашт. Мувофиқи шартномаи Сулҳи Ништадт (1721) Э. ба ҳайати Россия дохил шуд. Бекор кардани ҳуқуқи крепостноӣ дар губ-ҳои Эстлаядия (1816) ва Лифландия (1819) ривоҷи капптализмро тезонд.

С. 1858 дар маҳалли Махтра ба муқобили помещикҳои немис шуриши деҳқонон ба вуқуъ омад; с. 1872 .коргарони Кренгольм корпартоӣ карданд. Дар ибт. а. 20 аввалин ташкилотҳои социал-демократӣ ба вуҷуд омаданд. Меҳнаткашони Э. дар Рев. 1905—07, Рев. Февраль ва Рев. Октябрь (1917) иштирок карданд.

Ох. окт. 1917 дар Э. ҳокимияти Советӣ барпо шуд; 29 нояб. 1918 дар ш. Нарва Республикаи Советии Эстония (Коммунаи меҳнатии Эстландия) эълон гардид; с. 1919 дар зери тазйиқи контрреволюционерони миллатчӣ ва гвардиядиёни сафед барҳам хурд; марти 1934 дар Э. табаддулоти фашистӣ ба амал омад. Июни 1940 меҳнаткашони Э. ҳукумати фашистиро сарнагун намуда, Ҳокимияти Советиро барқарор карданд.

 

Дек. 1941 Э.-ро қушунҳои фашистони немис истило намуданд; с. 1944 озод карда шуд. Э. бо орденҳои Ленин (1965), Революцияи Октябрь (1980) ва Дустии Халқҳо (1972) мукофотонида шудааст.

ПК Эст. с. 1920 таъсис ёфтааст. 1 янв. 1985 ПК Эст. 104084 наф. аъзо ва 3500 наф. номзад бо аъзоии партия дошт; шумораи аъзоёни комсомол—166732 наф., аъзоёни иттифоқҳои касаба 803325 наф.

Дар натиҷаи дигаргунсозиҳои социалистӣ Э. ба республикаи индустриявӣ ва х. қ.-аш коллективии мутараққӣ табдил ёфт. С. 1979 ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ назар ба с. 1940 бештар аз 46 маротиба афзуд. Соҳаҳои муҳимми саноаташ: истихроҷи варақсанги сузанда ва коркарди он, мошинсозӣ, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, саноати химия, целлюлозаю қоғаз, чубкорӣ, бофандагӣ, саноати хурокворӣ. С. 1984 республика 18,3 млрд кВт-с. энергияи электр истеҳсол кард. ГРЭС-ҳои калони Наздибалтика ва Эстония бо варақсанги сузанда кор мекунанд. Дар шим. республика (дар Кохтла-Ярве) варақсанги сузанда, дар Маарду фосфорит истихроҷ мекунанд. Мошинсозии электрикию радиотехникӣ, асбобсозӣ ривоҷ ёфтааст; корхонаҳои калон дар Таллин ва Тарту воқеъ гардидаанд. Дар Нарва ва Таллин комб-ҳои матоъҳои пахтагин, корхонаҳои саноатӣ матоъҳои пашмин ва катонӣ мавҷуданд. Дар саноати хурокворӣ, моҳигирӣ (Таллин, Пярну), истеҳсоли гушт, равған ва шир аҳамияти умумииттифоқӣ доранд.

Маҳсулоти умумии х. қ. с. 1979 назар ба с. 1940-ум, 1,8 маротиба афзуд. Авв. 1985 дар Э. 150 колхоз ва 152 совхоз буд. Заминҳои кишт 935,5 ҳаз. га (1984). Талла (ҷав, ҷавдор, гандум) ва зироати хуроки чорво, инчунин картошка ва сабзавот мекоранд. С. 1984 дар республика 1,2 млн т қалла ва 1,2 млн т картошка ғундоштанд. Чорводорӣ барои ширу гушт (махсусан гушти хук) махсус гардонида шудааст. Корҳои зиёди мелиоративӣ бурда мешавад. Тули умумии р. о. 0,97 ҳаз. км, роҳҳои автомобилгард 30 ҳаз. км (1979). Бандари асосии баҳрӣ — Таллин. С. 1979 ба дар 1000 наф. корманди хоҷагии халқ, 786 каси дорои маълумоти олӣ ва миёна рост меомад. Соли хониши 1979/80 дар 6 мактаби олӣ 25,4 ҳаз. студент, дар 37 мактаби миёнаи махсус 24,5 ҳаз. хонанда таҳсил мекард. АФ (таъсисаш 1946), 10 театр дорад. С. 1979 ба дар 10 ҳаз. кас 40,5 духтур рост меомад. Курортҳо: Пярну (иқлимӣ ва табобат бо лой), Хаапсалу (та-бобат бо лоб), Нарва-Йызису (иқлимӣ).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …